Аккосии хабарӣ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Аккосии хабарӣ ё фотожурналистика — як шакли махсуси журналистикаест, ки аксро ҳамчун воситаи асосии баёни истифода мебарад. Фотожурналистика аз жанрҳои аксбардорӣ (ба монанди аксбардории ҳуҷҷатӣ, аксбардории кӯча ва аксбардории чеҳраҳо ) бо роҳҳои зерин фарқ мекунад:
- Вақт — аксҳо бо тартиби замонии рӯйдодҳо маъно доранд.
- Объективӣ — аксҳо бетарафона ва воқеӣ бошанд ва ҳодисаҳои сабтшударо дақиқ нишон диҳанд.
- Ҳикояткунанда — аксҳо дар якҷоягӣ бо дигар унсурҳои хабарӣ ба хонанда ё бинанда дар бораи моҳияти рӯйдодҳо маълумот бидиҳад.
Фотожурналистон бояд дар ҳамон шароите, ки иштирокчиёни ҳодисаҳо (сӯхтор, ҷанг, ошӯбҳои хиёбонӣ) доранд, аксар вақт зери хатари якхела қарор доранд, амал кунанд, ва таҷҳизоти аксбардориро бо худ доштабошанд.