Алберт Эйнштейн
From Wikipedia, the free encyclopedia
Алберт Эйнштейн (олмонӣ: Albert Einstein, МФА [ˈalbɐt ˈaɪ̯nʃtaɪ̯n] (итт.); 14 март 1879 (1879-03-14), Улм, Баден-Вюртемберг, Олмон — 18 апрели 1955, Принстон, Ню Ҷерсӣ, ИМА) — физикдони назарӣ, яке аз поягузорони табиатшиносии муосир, барандаи Ҷоизаи Нобел дар бахши физика соли 1921, ходими сиёсӣ-башардӯст. Дар Олмон (1879-1893, 1914-1933), Швейтсария (1893-1914) ва ИМА (1933-1955) зиндагӣ кардааст. Доктори фахрии тақрибан 20 донишгоҳҳои пешсафи ҷаҳон, узви бисёр Академияҳои илмҳо аз ҷумла узви фахрии хориҷии АИ ИҶШС (1926).
олмонӣ: Albert Einstein | |
Таърихи таваллуд | 14 март 1879(1879-03-14)[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 18 апрел 1955(1955-04-18)[4][2][3][…] (76 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | физики назарӣ[d] |
Ҷойҳои кор |
|
Дараҷаи илмӣ: | Doctor of Philosophy in Physics[d] (1906) |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Alfred Kleiner[d][16], Heinrich Burkhardt[d][16] ва Heinrich Friedrich Weber[d] |
Шогирдон | Ernst G. Straus[d] |
Ҷоизаҳо | |
Имзо | |
Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Эйнштейн — муаллифи беш аз 300 корҳои илмӣ дар бахши физика, инчунин тақрибан 150 китоб ва мақолаҳо дар соҳаи таърих ва фалсафаи илм, публисистика ва ғайра. Муаллифи назарияи нисбият ва кашфиётҳои назарие, ки барои механикаи квантӣ, физикаи стастикӣ, космологияи релятивистӣ ва электроникаи квантӣ замина шудаанд.