Деҳоти Ориён
From Wikipedia, the free encyclopedia
Ҷамоати Ориён — ҷамоатест дар ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон, ки тобеи марказ мебошад.
Маҳалли аҳолинишин | |||
|
|||
40°43′49″ с. ш. 70°09′25″ в. д.HGЯO | |||
Кишвар | [[|]] | ||
Вилоят | Вилояти | ||
Ноҳия | Ноҳияи | ||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 | ||
Забони расмӣ | тоҷикӣ | ||
Пешшумораи телефон | +992 | ||
Ҷамоати Ориён 4 июли соли 2013 ташкил шудааст, ки марказаш деҳаи Ҳалқарӯд буда, аз он то маркази ноҳияи Ҳисор ва истгоҳи роҳи оҳан 24 км масофа аст. Ба ҳудуди марзию маъмурии ҷамоат 7 деҳа — Мурутак, Чинор, Ҳалқарӯд (Ҷартеппа), Ҳафттеппа (Ҷетиқир), Ҳоҷигирдоб, Шарафобод ва Гулистон (Ҷӯҷалӣ) дохил мешаванд. Аз тарафи ш. бо дарёи Кофарниҳон, ноҳияи Рӯдакӣ, аз тарафи ҷанубу ғарб бо Ӯзбекистон ва шаҳри Турсунзода, аз тарафи ғарбу шимол бо ноҳияи Шаҳринав, аз тарафи шимол бо деҳаи Латтабанди Ҷамоати Деҳқонобод ҳамсарҳад мебошад. ҷамоат 7821 нафар аҳолӣ дорад, дар ҳудудаш 7 мактаб, маркази фароғатию фарҳангӣ, масҷиди ҷомеъ, 2 китобхона, якчанд масҷиди панҷвақта, нуқтаҳои савдо, марказҳои тиббӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо ҷойгиранд.[1]