Забони тоҷикӣ
забони расмии Тоҷикистон / From Wikipedia, the free encyclopedia
Забони тоҷикӣ (дар солҳои 1989—1991 — забони форсии тоҷикӣ; 1991—1999 – забони тоҷикии форсӣ, дарӣ: زبان تاجیکی) — забони давлатии кишварҳои Тоҷикистон, Эрон (варианти форсӣ) ва Афғонистон (дарӣ) мебошад. Ин забон ба хонаводаи забонҳои ҳинду аврупоӣ дохил мешавад. Дар маҷмӯъ: порсигӯёни асил (форсӣ, тоҷикӣ, дарӣ) зиёда аз 122 млн нафар мебошанд. Фақат ба гӯиши тоҷикӣ (бидуни дарӣ) зиёда аз 16 миллион (2022) нафар ҳарф мезананд.
Номи қавмӣ | забони тоҷикӣ |
---|---|
Кишварҳо | Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Афғонистон, Покистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия зиёда аз 47 миллион нафар (2018) гуфтугӯ мекунанд.[1] |
Шумораи умумии гӯишварон | |
Таснифот | |
|
|
Хат | Хати тоҷикӣ (сириллик дар Тоҷикистон, хати ибрӣ ва лотинӣ дар Ӯзбекистон, хати форсӣ дар Афғонистон) |
Коди забонӣ | |
ГОСТ 7.75–97 | тад 640 |
ISO 639-1 | tg |
ISO 639-2 | tgk |
ISO 639-3 | tgk |
WALS | taj |
Ethnologue | tgk |
IETF | tg |
Glottolog | taji1245 |
Ниг. низ: Лоиҳа:Забоншиносӣ |
Дар рушди забони тоҷикӣ дар намуди кунуниаш Садриддин Айнӣ саҳми зиёд гузоштааст.
Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Давраи нави инкишофи он дар асрҳои VII-VIII оғоз шудааст. Бо ин забон шоирону нависандагони бузург Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Сино, Ҷомӣ, Мавлоно, Ҳофиз, Аҳмади Дониш, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Пайрав Сулаймонӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Убайд Раҷаб, Наимҷон Назирӣ ва дигарон асарҳои безавол эҷод кардаанд.