Калкутта
From Wikipedia, the free encyclopedia
Калкутта ё Колката (банголӣ: কলকাতা,ҳиндӣ: कोलकता,англ. Kolkata) - пойтахти иёлати Банголистони Ғарбӣ дар кишвари Ҳиндустон аст.
банголӣ: কলকাতা ҳиндӣ: कोलकाता англ. Kolkata | |
Кишвар | [[|]] |
Роҳбар | Firhad Hakim[d] |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Масоҳат |
|
Баландӣ | 9 м |
Вақти минтақавӣ | UTC+05:30[d] |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | |
Шиносаҳои ададӣ | |
Коди телефон | 33 |
Нишонаи почта | 700001 |
Коди мошинҳо | WB-01, WB-02, WB-03, WB-04, WB-05, WB-06, WB-07, WB-08, WB-09 ва WB-10 |
Вебгоҳи расмӣ | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ин шаҳр яке аз муҳимтарин шаҳрҳои кишвар аст, ки ҳанӯз чанд сол пеш шаҳри сераҳолии Ҳиндустон буд, вале ҳоло Деҳлӣ ва Мумбай аз он дар пеш истодаанд. Аз соли 1772 то 1911 Калкутта пойтахти Ҳиндустон буд, ва пас аз он, маркази идоракунии ҳукумат ба Деҳлӣ интиқол ефт. Аҳолии Калкутта 4 496 694 нафар мардумро ташкил медиҳад.[2] Пештар, номи расмии шаҳр монанди Калкутта талаффуз мешуд, ки бо гуйишаш наздиктар ба забони англисӣ мувофиқат мекард. 1 январи соли 2001, ҳукумати маҳаллӣ тасмим гирифт, ки номи шаҳрро ба номи Колката иваз кунад, ки он ба талаффузи банголӣ мувофиқат мекунад, 30 июли соли 2001, қонуни дахлдор қабул гардид, ки тағйири номгузории шаҳрро қонунӣ кард. Аз соли 2001 номи шаҳрро ба "Колката" (банголӣ: কলকাতা) баргардониданд то ба талаффузи банголӣ он наздиктар бошад, вале ӯ ҳанӯз дар таълифоти забони форсӣ, мисли, ҳамон номи куҳна ба истифода бурда мешавад.