From Wikipedia, the free encyclopedia
Ноҳияи Рӯшон (форсӣ: شهرستان روشان, Ręxonzemath) — яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.
Ноҳияи маъмурӣ | |
Ręxonzemath | |
Azøm žiwj ta ay Mihan | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Тобеъи | Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон |
Шомили | 7 ҷамоат |
Маркази маъмурӣ | Вамар |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 27 октябри 1932 |
Масоҳат | 5870,7 км² |
Баландӣ
|
|
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Шаҳри бузургтарин | Вамар |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 26 500[1] нафар (2022) |
Миллият | тоҷикон |
Мазҳаб | мусулмонон |
Забонҳои расмӣ | помирӣ,инглисӣ, порсӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Сарвожа | RU |
Рамзи ISO 3166-2 | TJ.BK.RU |
Коди телефон | +992 3556 |
Нишонаи почта | 736200 |
Домени интернет | tj |
Коди мошинҳо | 04 TJ |
vanjiman.com | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ин ноҳия 29-уми октябри соли 1932 таъсис ёфта аст. Маркази ноҳияи Рӯшон шаҳраки Вамар (форсӣ: وامر) аст, ки 67 км шимолтар аз шаҳри Хоруғ дар резишгоҳи рӯди Бартанг ба рӯди Панҷ ҷой дорад.
Ноҳияи Рӯшон дар миёни қаторкӯҳҳои Язгулом ва Рӯшон воқеъ аст. Дар шимол бо ноҳияи Ванҷ, дар шарқ бо ноҳияи Мурғоб, дар ҷануб бо ноҳияи Шуғнони Тоҷикистон ва дар ғарб бо вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад.
Аз шимолу шарқи ноҳияи Рӯшон ба ҷанубу ғарби он рӯди Бартанг гузар мекунад.
Ноҳияи Рӯшон 5870,7 км² масоҳат дорад. Рушон минтақаи таърихӣ дар Кӯҳистони Бадахшон аст, ки дар ҳар ду соҳили дарѐи Панҷ ҷойгир мебошад. Бори нахуст муҳаққиқ ва сайѐҳи рус С. П. Ванновский ба масъалаи этимологияи калимаи « ruẋоn – рушон» таваҷҷуҳ намуда, маънои онро аз худи рушониѐн пурсон мешавад, ки онҳо ба ин муҳаққиқ вожаро дар маънии «сарчашмаи рушноӣ», «хурсандӣ» ва «шодмонӣ» баѐн намудаанд
Бино бар саршумори соли 2015 дар ноҳияи Рӯшон 24 800 нафар зиндагӣ мекунад.[2] Мардуми Рӯшон ба забони рӯшонӣ (ва бо гӯҳишҳои он - бартангӣ, рошорвӣ ва хӯфӣ сухан мегӯянд. Рушониѐн аз рӯйи мансубияти авлодӣ-қабилавӣ ва этникӣ доимо худро дар се категория муаррифӣ мекарданд: рушониѐн, тоҷикони рушонӣ, тоҷикон. Зарур аст, қайд намоем, ки баромади топонимии дурусти таърихӣ-этнографии минтақа “Рушон” аст, на “Рӯшон”.
сол | 2014 | 2015 | 2019 | 2020 |
---|---|---|---|---|
шумора (ҳаз. нафар) |
24,5 | ↗24,8 | ↗25,6 | ↗25,8 |
Бино бар роҳномаҳо ва ҷаҳоннамоҳои арабизабон ва порсизабони садаҳои миёна ва то миёнаи асри XIX Рӯшон як сарзамини мустақил будааст. Рӯшону Шуғнон аз замони Сомониён то соли 1895 ҳукумате мустақил дошта ва фармонравоёни онҳоро шоҳ мехондаанд. Қаламрави подшоҳии Рӯшон сарзамини имрӯзаи ноҳияи тоҷикии Рӯшон ва бахши Рӯшони вулусволии афғонии дар ду канораи рӯди Панҷро дар бар мегирифтааст. Баъзе ривоѐт оид ба рушониѐн то ба замони ҳодисоте, ки дар «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ зикр шудаанд, мерасанд. Масалан, ривояти мардумӣ оид ба паҳлавонон Дерзу ва Барзу, ҳоло ҳам дар миѐни куҳансолони деҳоти Дерзуд ва Барзуд маъмуланд, ки ин деҳаҳо низ исми худро аз номи онҳо мегиранд. Тибқи як қисса Дерзу ва Барзу фарзандони Рустами Достон ва мувофиқи дигар ривоят фарзандони Сӯҳроб паҳлавон будаанд.
Соли 1895 подшоҳии Рӯшон, ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид ва канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.[3]
Кӯшишҳои мардуми Рӯшон барои озоди аз аҷнабиёни афғон ки аз тарафи Русияи Подшоҳӣ дасгири ва пасон амалӣ шуд ба мақсади худидоракунии ин мулкҳо нарасиданд зеро дар солҳои 1895 – 1920 Рушон дар баробари дигар мулкҳои Помир яке аз бекигариҳои аморати Бухорои турк гашт ва бек ҳокимияти Қалъаи Вамар-ро гирифта мир хонда шуда бо ваҳшонияти бесобиқа машҳур шуд. Туркони Бухоро мардуми нодори кӯҳистонро ғорат ва шиканҷа менамуданд. Мардуми Рушонзамин аз зулми туркон ба дод омадаанд ва хидмати хирсонаи русҳо ҳам дер давом накард ки инқилоби Октябр ба Помир ҳам расид.
Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон дар соли 1924, Рӯшон бахше аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гардид, ки 2 январи соли 1925 таъсис дода шуд. Замоне ҳам Ванҷу Рӯшон як ноҳия буданд. Роҷеъ ба хусусияти антропологию этнографии рушониѐн ва дигартоҷикони помирӣ этнографи машҳур Р. Р. Раҳимов қайд менамояд, ки одилонатар мешавад, агар мо онҳоро «нахусттоҷикон» номгузорӣ намоем, зеро онҳо бо тақозои тақдир дар миѐни кӯҳҳои осмонбӯс монда, тоҷиктабории замони асотирию ривоѐти ҷамоаи қадими ҳиндуэронӣ, маҷмуи маданияти анъанавӣ-маишӣ ва ниҳоят тозагии хуниро ҳифз намудаанд
Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Рӯшон 7 ҷамоат дорад[4]
Ҷамоатҳои ноҳияи Рӯшон | |||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ | Деҳаҳо | |||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Назаршо Додхудоев (собиқ Баррӯшон) | 7183 | Баррӯшон, Барзуд, Дерзуд, Вамд, Деҳрушон | |||||||||
Бартанг | 1854 | Сипонҷ, Висав, Даржомч, Дашт, Равивд, Равмед, Разуч, Хичез | |||||||||
Басид | 2120 (2010) | Басид, Бардара, Чадуд | |||||||||
Пастхуф | 2773 | Пастхуф, Баҷув, Барде, Дерде, Пастбаҷув. | |||||||||
Рӯшон | 5587 | Рӯшон (деҳа), Шуҷанд, Ямтс, Багу | |||||||||
Савноб | 2774 | Савноб, Барчадев, Кудара, Нисур, Пасор, Рошорв, Рухч, Япшорв | |||||||||
Муъминшоҳ Абдулвосиев (собиқ Шидз) | 2015 | Шидз (деҳа, н. Рӯшон), Вознавд, Деҳ, Шпад | |||||||||
Сарвари ноҳияи Рӯшон Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Рӯшон - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Рӯшон ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.