Оби анор
From Wikipedia, the free encyclopedia
Оби анор — яке аз фаровардаҳои меваи анор аст. Оби анор дорои ранги гулобии равшан ё сурх ва таъми ширин ё турши дилпазир ва ботароват ва гоҳе то ҳадде турш аст.
Афзудан об, шакар, асидҳо ва рангҳо дар оби анори табиъӣ мамнӯъ аст. Дар ИҶШС, оби анори табиъӣ дар Гурҷистон, Арманистон, Озарбойҷон ва Осиёи марказӣ тавлид мешуд ва дар дараҷаи болотарину аввал ба фурӯш мерасид[1].