Ҳисор
From Wikipedia, the free encyclopedia
Ҳисор (форсӣ: حصار) — шаҳре дар Тоҷикистон ва маркази идории ноҳияи Ҳисор аст. Шаҳрак дар маркази водии Ҳисор байни дарёи Чангоб (Хонақоҳ) ва Наҳри калони Ҳисор ҷойгир аст. Ҳисор дар қисми ҷанубу ғарби водии Ҳисор, 20 км ғарбтари шаҳри Душанбе воқеъ аст. Дар наздикии шаҳраки Ҳисор дарёи Чангоб (Хонақоҳ) ва Канали калони Ҳисор ҷорӣ мешаванд. Соли 2015 роҳи автомобилгарди Душанбе — Турсунзода тармим гардидааст. Байни Ҳисор — Душанбе ва Ҳисор — Турсунзода мунтазам нақлиёт мегардад. Аз маркази ноҳия роҳи оҳани Душанбе — Тирмиз мегузарад (стансияҳо: Чиптўра ва Хонақоҳ).
Шаҳр | |
Ҳисор | |
Кишвар | Тоҷикистон |
минтақа | Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ |
Мири шаҳр | Қосим Роҳбар |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Номҳои пешина | Ҳисори Шодмон, Шумон |
Шаҳр аз | 2016 |
Масоҳат | 9,6 ҳаз. км² км² |
Баландии марказ | 802 ± 1 м |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 32 100[1] тан |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3139 |
Нишонаи почта | 734000 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҳисор 26 июни 1993 мақоми шаҳр-ро гирифта буд, вале дар соли 2005 боз мақоми шаҳракро гирифтааст.[2] Соли 2016 шаҳраки Ҳисор бо тамоми ноҳияи Ҳисор мақоми шаҳрро аз нав соҳиб шуд.