Амрикои Шимолӣ
қитъа / From Wikipedia, the free encyclopedia
Амрикои Шимолӣ — материк дар Нимкураи Ғарбӣ, бо Амрикои Ҷанубӣ қитъаи Амрикоро ташкил мекунад.
Парвандаҳо дар Викианбор |
---|
Дар қисмати шимолии қитъаи Амрико, байни Уқёнуси Ором ва Уқёнуси Атлантик ҷойгир шудааст. Масоҳати Амрикои Шимолӣ 20,36 млн км², бо ҷазираҳояш 24,25 млн км². Сарҳади онро дар Ҷануб канали Панама ва дар Ғарб гулӯгоҳи Беринг аз қитъаи Осиё ҷудо мекунанд. Нуқтаҳои интиҳоии Амрикои Шимолӣ дар Шимол димоғаи Мерҷисон, дар Ғарб димоғаи Шоҳзода Уэлс, дар Шарқ димоғаи Сент-Чарлз мебошанд. Ҷазираҳои калонтаринаш: Гренландия, галаҷаз. Арктикии Канада, Вест-Индия ва дар соҳилҳои ғарбии материк ҷазираҳои Алеут, галаҷазираҳои Александр, ҷазираҳои Малика Шарлотта, Ванкувер ва ғайра Нимҷазираҳои калонтарин: дар Шимол Бутия, Мелвилл, дар Ш. Лабрадор, Флорида, Юкатан, дар Ғарби Калифорния, Аляска, Сюард. Соҳилҳои материкро аз чор тараф обҳои уқёнусҳои Ором (Баҳри Беринг), Атлантик (Баҳри Кариб, Саргасс, халиҷи Мексика), Яхбастаи Шимолӣ (Баҳри Бофорт, Баффин, Чукот) иҳота намудаанд.