Ҷорҷ Вашингтон
From Wikipedia, the free encyclopedia
Ҷорҷ Вашингтон (англисӣ: George Washington; 22 Феврал 1732, Бриҷс-Крик, иёлати Вирҷиния — 14 декабр 1799, Маунт-Вернон) — арбоби давлатӣ, сиёсатмадор, афсар, кишоварз, нахустин Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, сарфармондеҳи Артиши континенталӣ дар Ҷанги мустамликаҳои амрикоиҳои шимолӣ барои истиқлол (1756—1763), асосгузори давлати соҳибистиқлоли ИМА.
англ. George Washington | |
1-умин 1-ум Президенти ИМА
|
|
30 апрели соли 1789 — 4 марти соли 1797 | |
Ноиби президент | Ҷон Адамс |
Пешгузашта |
вазифа таъсис ёфт Сайрус Гриффин ҳамчун Президенти Конгресси Конфедератсия |
Ҷонишин | Ҷон Адамс |
Таваллуд |
22 феврал 1732(1732-02-22)[1][2][3][…] |
Даргузашт |
14 декабр 1799(1799-12-14)[4][1][5][…] (67 сол) |
Мадфан | |
Дудмон | Washington family[d] |
Падар | Augustine Washington[d][12] |
Модар | Mary Ball Washington[d][13] |
Ҳамсар | Martha Washington[d][3] |
Ҳизб | |
Эътиқод | Калисои Епископал[d] |
Соядаст | |
Ҷоизаҳо | |
Навъи артиш | Continental Army[d] ва United States Army[d] |
Рутба | major general[d], lieutenant general[d], General of the Armies of the United States[d] ва полковник |
Набардҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Осор дар Викитека |
Ҷорҷ Вашингтон аввалин президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (солҳои 1789—1997). Аз оилаи заминдори (плантатори) сарватманд. Дар ибтидои Ҷанги ҳафтсола (1756—1763) дар рутбаи полковник фармондеҳи қӯшунҳои Вирҷиния буд. Соли 1774 ба Конгресси 1, с. 1775 ба Конгресси 2 континенталӣ интихоб гардид. Дар ибтидои ҷанги мустамликаҳои амрикоиҳои шимолӣ барои истиқлол зидди мустамликадорони Англия Конгресси ИМА Вашингтонро сарфармондеҳи қӯшунҳои мусаллаҳи шӯришгарон интихоб кардааст. (15 июни 1775). Дар ин вазафа истеъдоди лашкаркашӣ ва ташкилотчигии ӯ зоҳир гардид. Соли 1787 президенти ИМА интихоб шуда, сиёсати консервативиро пеш гирифт. Вашингтон яке аз асосгузорони системаи сиёсии дупартиявӣ дар ШМА аст. Вашингтон дар таърихи ИМА чун арбоби тараққипарвари давлатӣ дохил шудааст, зеро вай муборизаи мустамликаҳоро баҳри истиқлол дастгирӣ ва сарварӣ намуд.