Иқлим
From Wikipedia, the free encyclopedia
Иқлим (арабии اقلیم) — низоми чандинсолаи обу ҳаво (ҳодисаҳои атмосферӣ)-и маҳал. Низом гуфта маҷмӯи шароит ва давомнокии тағйироти обу ҳаворо дар назар доранд. Афканиш ва сарфи энергияи нурҳои Офтоб дар сатҳи Замин ва даврзании атмосферӣ (системаи ҷараёнҳои ҳаво, ки гармию намӣ меоваранд, инчунин ивазшавии амудии гармию намӣ дар атмосфера) раванди асосии ташкилкунии И. ба ҳисоб меравад. Иқлим аз шароитҳои ҷуғрофӣ: арзи ҷуғрофӣ, баландӣ аз сатҳи баҳр, шакли релеф ва ғ. вобаста мебошад. Дар ташаккули иқлим нақши инсон низ калон аст. Иқлим доимо якхел набуда, тағйир меёбад. Пажӯҳиши таҳнишастҳо, боқимондаҳои зеризаминии олами наботот ва ҳайвонот, радиоактивияти ҷинсҳои кӯҳӣ ва ғ. нишон медиҳанд, ки Иқлими Замин дар давраҳои гуногун ба куллӣ тағйир ёфтааст. Дар давоми таърихи геологӣ бо сабабҳои гуногун гармиву хунукшавии иқлими Замин, ки ҳазорон сол давом дошт, қайд шудааст. Дар тағйири И. хусусиятҳои физикии фазои атрофи Замин ва мавқеи он нисбат ба Офтоб, тағйироти ҳудуди хушкӣ ва уқёнусҳо, ташаккул ва вайроншавии кӯҳҳо, дигар шудани самти ҷараёни уқёнусӣ таъсири калон мерасонанд. Қувваҳои баландкунандаи сатҳи оби баҳру уқёнусҳо (мадд) ва хуруҷи офтоб боиси тез тағйир ёфтани иқлим мегарданд. Барои фарқ кардани иқлими ҷойҳои гуногун аз мафҳумҳои макроиқлим, микроиқлим ва мезоиқлим истифода мебаранд. Макроиқлим хусусияти иқлими сатҳи васеи Замин, микроиқлим хусусияти сатҳи қитъаҳои хурдтарин – иқлими ягон маҳал ва мезоиқлим хусусияти байни макроиқлим ва микроиқлимро ифода мекунанд.