Ню-Йорк
From Wikipedia, the free encyclopedia
Ню-Йо́рк (англ. New York City, МФА: New York (итт.), [nuː ˈjɔɹk ˈsɪti] или [njuː ˈjɔːk ˈsɪti]) — шаҳри калонтарини ИМА[6][7], ки ба яке аз калонтарин агломератсияҳои ҷаҳонӣ дохил мешавад[8][9][10]. Аҳолии шаҳр 8 405 837 нафар мебошад[11], агломератсияҳо — 20,63 млн (дар соли 2015). Ню-Йорк дар соҳили Уқёнуси Атлантик дар ҷанубу-шарқи иёлати Ню-Йорк. Шаҳр дар аввали асри XVII аз тарафи колонистҳои ҳолландӣ таъсис шуда буд ва то соли 1664 Амстердами Нав ном дошт[12].
англ. New-York | |||||
Тибқи ақрабаки соат, аз боло: Мидтауни Манхэттен, Таймс-сквер, Унисфера дар Куинс, Пули Бруклин, Манхэттени Поёнӣ ва Маркази савдои умумиҷаҳонӣ 1, Боғи марказӣ, Қароргоҳи штаби СММ ва Пайкараи Озодӣ. | |||||
|
|||||
Кишвар | ИМА | ||||
Роҳбар | Eric Adams[d][1] | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Таърихи таъсис | 1624[2] ва 1626[3] | ||||
Масоҳат | |||||
Баландӣ | 11 м | ||||
Вақти минтақавӣ | EDT[d], UTC−05:00[d] ва UTC−04:00[d] | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Коди телефон | 212, 347, 646, 718, 917 ва 929 | ||||
Нишонаи почта | 10000–10499, 11004–11005, 11100–11499 ва 11600–11699 | ||||
Коди мошинҳо | NY | ||||
Вебгоҳи расмӣ(англ.) | |||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ню-Йорк шомили 5 ҳавзаи маъмурӣ (ноҳияҳо, боро) аст: Бронкс, Бруклин, Куинс, Манхэттен ва Статен-Айленд. Ҷойҳои тамошобоб асосан дар борои Манхэттен ҷойгиранд. Дар байни онҳо: бурҷҳои таърихӣ (Эмпайр-стейт-билдинг, Крайслер-билдинг), Маркази Рокфеллер, Вулворт-билдинг, Метрополитен-музей-и санъатӣ, Метрополитен-опера, Карнеги-холл, Осорхонаи Соломон Гуггенҳейм (наққошӣ), Осорхонаи амрикоии таърихи табиӣ (скелети динозаврҳо ва планетарияҳо), меҳмононхонаи «Плаза», меҳмонхонаи «Уолдорф-Астория», меҳмонхонаи «Челси», штаб-квартираи СММ, Гарлем.
Ню-Йорк — маркази муҳими ҷаҳонии молиявӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ[13].