Президенти Тоҷикистон
сарвари Тоҷикистон / From Wikipedia, the free encyclopedia
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — сарвари давлат ва ҳокимияти олии иҷроия мебошад[1].
Quick Facts Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иқомати расмӣ ...
Иқомати расмӣ | Қасри Миллат |
---|---|
дар натиҷаи интихоботи мустақим | |
Муҳлати салоҳият | 5 сол дар солҳои 1994—1999, 7 сол, оғоз аз 1999; на бештар аз ду муҳлат пайдарпай |
Пайдошавии вазифа | 6 ноябри 1994 |
Аввалин дар вазифа | Қаҳҳор Маҳкамов |
Сайт | president.tj |
Close
Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол интихоб менамоянд.
Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад[2].