From Wikipedia, the free encyclopedia
Абдурраззоқ Гурна (англ. Abdulrazak Gurnah; зод. 20 декабр 1948[2][3][4], Занзибар Ситӣ[d], Занзибар[d], Танзания[5]) — нависандаи тонзониёӣ, барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт (2021).
англ. Abdulrazak Gurnah савоҳилӣ Abdulrazak Gurnah ар. عبد الرزاق سالم قرنح[1] | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Abdulrazak Gurnah |
Таърихи таваллуд: | 20 декабр 1948[2][3][4] (75 сол) |
Зодгоҳ: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | румоннавис, устоди донишгоҳ, насрнавис, муҳаррир, нависанда |
Солҳои эҷод: | 1987 — то ҳол |
Жанр: | наср |
Забони осор: | инглисӣ[6][7][2] ва Забони своҳилӣ |
Ҷоизаҳо: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Яке аз романҳои ӯ Биҳишт (1994), мебошад, ки сазовори ҷоизаи баргузидатарин осори мухтасари Букер ва ҷоизаи Whitbread гардида аст;Ҳамчунин Биёбон (2005); ва Дар соҳили баҳр (2001), ки дар рӯйхати баргузидаҳои Букер қарор гирифтаанд барои муаллиф ҷоизаи китоби Лос Анҷелес Таймс ро ба армуғон оварданд. Ӯ 7 октябри соли 2021 « барои таҳқиқи оштинопазир ва дилсузонаи таъсири мустамликадорӣ ва сарнавишти паноҳандагон дар тақсимоти фарҳангҳо ва қитъаҳо» сазовори Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт шуд.[8][9][10]
Абдурраззоқ Гурна 20 декабри соли 1948[11] дар Султонии Занзибар (ҳоло бахше аз Танзанияи имрӯза) таваллуд шудааст.[12] Вай ҳамчун донишҷӯ дар соли 1968 ба Бритониё сафар карда аст,[13] Ҳангоми 18-солагияш аз таъқиби шаҳрвандони араб аз Занзибар дар замони Инқилоби Занзибар фирор кардааст.[14] Вай дар ибтидо дар Коллеҷи Кристи Черч, Кентербери таҳсил кардааст, ки унвони илимияшро он замон аз ҷониби Донишгоҳи Лондон ба даст овардааст .[15]
Сипас,ба Донишгоҳи Кент рафт ва дар он ҷо соли 1982 рисолаи докторияшро ҳимоя кард.[12] Аз соли 1980 то 1983, Гурна дар Донишгоҳи Байеро Кано дар Нигерия ба тадрис машғул будааст. Ӯ то замони бознишастагӣ профессори кафедраи забони англисии Донишгоҳи Кент буд.[14]
Гурна ду ҷилди « Очеркҳо мактуба дар бораи Африқо» -ро таҳрир карда, дар бораи як қатор нависандагони муосири постколониалӣ мақолаҳо чоп кардааст, ки машҳуртарини онҳо В.С Найпал VS Naipaul, Салмон Рушдӣ ва Зое Викомб мебошанд.Ӯ муҳаррири A Companion to Salman Rushdie аст, ки соли 2007 аз Донишгоҳи Кембриҷ мунташир шудааст. Вай аз соли 1987 муҳаррир ва саҳмгузори Васафирӣ буд[16] Гурна довар оид ба мукофотҳо буд, аз ҷумла Ҷоизаи Кейн барои Навиштаҳои Африқо[17] ва Ҷоизаи Букер низ маҳсуб мешавад.[18]
Гурна дар Британияи Кабир зиндагӣ мекунад[19]
Гурна соли 2006 узви Ҷамъияти Подшоҳии Адабиёт интихоб шуд[20] Рӯзи 7 Октябри 2021, ӯ «барои таҳқиқи оштинопазир ва дилсузонаи таъсири мустамликадорӣ ва сарнавишти паноҳандагон дар тақсимоти фарҳангҳо ва қитъаҳо» сазовори ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт гардид.[8][9][10]
Бисёре аз корҳои Гурна дар мавриди соҳили Африқои Шарқӣ мебошад . [21] Мунаққиди адабиёт Брюс Кинг чунин мепиндорад, ки романҳои Гурна қаҳрамонони Африқои Шарқиро дар заминаи васеи байналмилалии онҳо ҷойгир карда, чунин ба назар мерасад, ки дар афсонаи Гурна «африкоиҳо ҳамеша як қисми ҷаҳони бузургтар ва тағйирёбанда буданд». [22] Ба гуфтаи Кинг, қаҳрамонҳои Гурна аксаран барои решакан кардани, одоти номатлуби бегонагон талош мекнанд ва дар ин роҳ қурбон мешаванд". [22]
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.