Арктика
From Wikipedia, the free encyclopedia
Шимолгон (форсӣ: شمالگان) ё А́рктика (аз юн. ἄρκτος — «хирс», юн. ἀρκτικός — «воқеъ дар зери бурҷи Дубби Акбар», «шимолӣ») — ноҳияи қутби шимолии кураи Замин. Арктика канори қитъаҳои (материкҳои) Авруосиё ва Амрикои Шимолӣ, қариб тамоми Уқёнуси Яхбастаи Шимолиро бо ҷазираҳояш (ғайр аз ҷазираҳои наздисоҳилии Норвегия), инчунин қисмҳои ҳамҳудуди уқёнусҳои Атлантик ва Оромро дар бар мегирад. Сарҳади Арктика бо сарҳади ҷанубии минтақаи тундра мувофиқ омадааст[1]. Масоҳати Арктика (якҷоя бо сатҳи об) қариб 27 млн км²; бештар аз нисфи онро Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ташкил медиҳад. Баъзан ҳудуди ҷанубии Амрикоро то доираи Қутби Шимолӣ (66°33' а. ш.) маҳдуд мекунанд ва дар ин сурат масоҳаташ 21 млн км² мешавад[1].
Ба хушкии Арктика қисме аз ҳудудҳои Русия (вилоятҳои Мурманск, Магадан, Камчатка, қисми вилояти Тюмен, кишвари Красноярск, Ёқутистон ва ғ.), Канада (Юкон, қисми шимолии Квебек ва Нию Фуандленд ва ғ.), штати Аляскаи ИМА, Дания (Гренландия, ҷазираҳои Фарер), ҳудудҳои шимолии Норвегия (Шпитсберген), Шветсия, Финляндия дохил мешаванд.