From Wikipedia, the free encyclopedia
Бернард Болсано (чехӣ: Bernard Placidus Johann Nepomuk Bolzano; 5 октябр 1781[1][2][3][…], Прага, Kingdom of Bohemia[d], Имперотурии Муқаддаси Рум[d][4][5][6][…] — 18 декабр 1848[7][2][3][…], Прага, Kingdom of Bohemia[d], Имперотурии Утриш[d][4][5][6][…]) — риёзидон, файласуф ва заминшиноси чех.
чехӣ: Bernard Bolzano | |
Таърихи таваллуд | 5 октябр 1781[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 18 декабр 1848[7][2][3][…] (67 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | таҳлили риёзӣ[d], мантиқ, фалсафаи илм[d], эпистемология, риёзиёт[5], фалсафа[5], зебоишиносӣ[5] ва Ибодатгоҳи Масеҳӣ[5] |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори фалсафа[d][8] (17 апрел 1805) |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Franz Josef Gerstner[d][9] |
Осор дар Викитека | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Донишгоҳи Карловро дар Прага хатм кардааст (факултаи фалсафаро соли 1800, факултети геологияро соли 1805). Солҳои 1805—1820 мудири кафедраи таърихи дини ҳамин донишгоҳ буд. Сипас, барои озодфикрӣ аз вазифа сабукдӯш гардид ва барои таҳқиқи муаммоҳои риёзиёт ва мантиқ вақт пайдо кард. Дар таҳқиқот оид ба асосҳои мантиқии таҳлили риёзӣ Бернард Болсано бори аввал назарияи ададҳои ҳақиқиро омӯхт. Ғайр аз ин ӯ теоремаҳо ва мафҳумҳои бунёдии риёзиётро пешниҳод кард, ки дар илми ҷаҳонӣ дертар татбиқ шуданд (мас., функсияҳои бефосила, вале дар ягон ҷо дифференсатсия нашуда, ки бо ёрии таҳқиқоти ҳандасавӣ ба даст оварда шуда буданд). Бернард Болсано дар асари худ «Муаммоҳои беохирӣ» назарияи маҷмӯъҳои беохирро кашф кард. Ӯ теоремаро дар бораи он, ки ҳар як маҷмӯи беохири маҳдуд ақаллан як нуқтаи ҳудудӣ дорад, исбот кард (теоремаи Болсано-Вейерштрасс). Бернард Болсано дар таълимоти худ платонизми модификатсияшуда (таълимот оид ба мафҳумҳои соф ва дар бораи ҳақиқати худ) ва атомизмро (нисбати тағйирёбии субстансияҳои сода дар раванди таъсири мутақобила) ҷамъбаст карда, ғояи назарияи арифметикии адади моддиро пешниҳод кардааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.