From Wikipedia, the free encyclopedia
Варзишгоҳи марказии Тоҷикистон (пешина Стадиони Помир) — маҷмаъаи асосии варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Номи пурра | Варзишгоҳи марказии Тоҷикистон |
---|---|
Номи қаблӣ | «Стадиони республикавии ба номи М. В. Фрунзе» |
Мавқеъ | Душанбе, Тоҷикистон |
Шурӯъ ба сохтмон | 1939 |
Бунёд | 1946 |
Санаи ифтитоҳ | 1962 |
Бозсозӣ | 1962, 2007, 2010[1] |
Молик | Душанбе |
Иморатсоз | Трести «Душанбесохтмон» |
Зарфият | 20000 |
Дастаи асосӣ | Бошгоҳи футболи «Истиқлол Душанбе» |
Андозаҳои майдон | 20 га |
Навъи замин | сабза |
Сохтмони Варзишгоҳи марказии Тоҷикистон соли 1939 оғоз шуда, солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қатъ гардид. Соли 1946 корҳои сохтмонӣ аз нав шурӯъ шуда, нишастгоҳи ғарбӣ барои 5 ҳазор нафар бунёд ёфт. Соли 1962 трести «Душанбесохтмон» корро давом дод ва дар тӯли як сол майдони асосии варзишгоҳро барои 21 400 нафар ба итмом расонд ва ба фаъолият шурӯъ кард. Масоҳати маҷмаа зиёда аз 20 га (2014). Дар варзишгоҳ ҳамчунин Ҳавзи шиноварии ҷумҳурӣ, пойгаҷойи бозиҳои дастӣ (соли 1974 ба истифода дода шудааст) ва Қасри теннис (яке аз беҳтарин қасрҳои варзиш дар Осиёи Марказӣ) воқеъ гардидаанд. Зӯрхонаи ба номи А. Фирдавсӣ соли 2005 таъсис ёфт. Дар рафти омодагӣ ба Бозиҳои V Осиёи Марказӣ пойгаҷойи ҳаштхаттаи варзишгоҳ ва ҷойи ҷаҳидану партоби диску найзаву гурз бо резини сурхранг — эластур пӯшонида шуд. Ҳамчунин чуқуриҳои ҷаҳиш таъмир ва ливопояҳои нав гузошта шуданд, барои баргузории мусобиқот лавозимоти нави варзишӣ мавриди истифода қарор доранд. Айни замон варзишгоҳ дорои 19 ҳазор ҷойи нишаст мебошад (2014). Майдони футбол соли 2012 азнавсозӣ шуд. Ҳамчунин дар варзишгоҳ Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба футбол; Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук; Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои зимистона; Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба риштаҳои амалӣ; Мактаби варзишии кӯдакону наврасони шаҳр оид ба варзиши сабук, Клуби футболи «Истиқлол» ва Федератсияи футболи шаҳри Душанбе бозиҳои варзишӣ ва машқу тамрин мекунанд. Мусобиқаҳои байналмилалӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва тимҳои футболи пойтахт ҳамсола дар майдони варзишгоҳ баргузор мешаванд.
Бинои толори варзишии варзишгоҳ шакли меъмории ба худ хос дорад. Вай дарози росткунҷа буда, бомпӯш ва пойдевораш каҷхатта аст. Дар ҷойи ба ҳам пайваст шудани хатҳои каҷи бомпӯш ва пойдевор ба дарозии толор панҷараҳои тасмадор ҷой гирифтаанд. Девори миёнаи толор барои расидани равшанӣ оинабандӣ карда шудааст. Бомпӯши гунбадшакли толор бо пенополистирол пӯшонида шудааст. Варзишгоҳ аз мобайн даромадгоҳ дорад. Дарозии умумии бино — 82 м, бари он — 32 м, баландиаш — 10,5 м, масоҳати ҷойи варзиш — 1960 м2.
Дар ҳудуди Варзишгоҳи марказии Тоҷикистон инчунин ҳавзи шиноварии ҷумҳуриявӣ (дорои 975 ҷойи нишаст ва 3 ҳуҷраи алоҳида), Қасри теннис (дорои ду майдони болопӯшида барои 1800 ҷойи нишаст), ҳуҷраҳои алоҳидаи хидматрасон, толори «Зӯрхона» (барои 400 ҷойи нишаст), меҳмонхонаи «Варзиш» (дорои 60 кати хоб), толори тӯби дастӣ (манеж) барои 2000 ҷойи нишаст, қасри солимгардонии «Тоҷварз» иборат аз 2 майдони кушоди теннисбозӣ ва 4 толори обутобдиҳии бадан, 4 майдони кушоди теннисбозӣ (барои 1500 ҷойи нишаст), маъмуриятҳои мактабҳои варзишии кӯдакону ҷавонон оид ба теннис, футбол, куштӣ, варзиши сабук, шиноварӣ, намудҳои зимистонии варзиш ҷойгир шудаанд.
Дар Варзишгоҳи марказии Тоҷикистон даҳҳо мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ (2003) гузаронида шудааст.[2]
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.