Вилояти Бодканд
From Wikipedia, the free encyclopedia
Вилояти Баткен (қирғ. Баткен облусу) — яке аз вилоятҳои Қирғизистон аст. Маркази маъмурии вилоят — шаҳри Бодканд аст. Дар шарқ бо вилояти Ӯш, дар ҷануб ва ғарбу шимол — бо Тоҷикистон ва дар шимолу шарқ — бо Узбакистон ҳаммарз аст. Бахши шимолии вилоят як қисми водии ҳамвори кишоварзии водии Фарғона мебошад. Заминҳо ба самти ҷануб ба сӯи кӯҳҳо дар марзи ҷанубӣ боло меравад: дар шарқ кӯҳҳои Олой ва дар ғарб қаторкӯҳи Туркистон.
қирғ. Баткен облусу русӣ: Баткенская область | |||
|
|||
Кишвар | Қирғизистон | ||
Маркази маъмурӣ | Ботканд | ||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||
Таърихи таъсис | 13 октябр 1999 | ||
Масоҳат |
|
||
Аҳолӣ | |||
Аҳолӣ |
|
||
Шиносаҳои ададӣ | |||
Рамзи ISO 3166-2 | KG-B | ||
Коди мошинҳо | A | ||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Аҳолии вилоят, бар пояи додаҳои саршумории аҳолӣ дар соли 2009, 380 256 нафарро ташкил медод. Аз ин шумор 24,2 % дар чор шаҳри минтақа ва панҷ шаҳраки аҳолинишин, 75,8 % дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Аксари (76,5%) аҳолии минтақаро қирғизҳо ташкил медиҳанд; инчунин узбакҳо (14,7%) ва тоҷикон (6,9%), камобеш русҳо (0,8%), тоторҳо (0,4%) ва туркҳо (0,2%) низ ҳастанд[1].