Галярда
From Wikipedia, the free encyclopedia
Галярда (ит. gagliarda, айнан – зиндадилона, хушҳолона) — рақси қадимаи итолиёвии дукаса, камдаркам рақси якка, ки дар асрҳои XVI-XVIII ба вуҷуд омада буд. Андозаи мусиқӣ 3 – ҳиссагӣ, суръаташ зиндадилона. Галярда бисёр вақт баъд аз павана иҷро мешуд. Дар асрҳои XVII-XVIII ҳамчун қисми сюитаи созӣ боқӣ монд; барои вай суръати суст бо тобиши (фактураи) полифонӣ хос гардид. Композиторон Ӯ. Бёрд, О. Гиббоне, М. Франк, Ҷ. Витали ва дигарон Г. навиштаанд.[1]