Забоншиносӣ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Забоншиносӣ (аз порсӣ: زبانشناسی) ё лингвистика (аз лотинӣ: Linguistica), илм дар бораи забони инсон буда, қонуни мавҷудият ва инкишофи таърихии онро меомӯзад. Забоншиносии ҳозира серсоҳа ва бо дигар соҳаҳои улуми гуманитарӣ алоқаманд аст. Забоншиносии умумӣ умдатарин қонуниятҳои инкишоф ва мавҷудияти забонҳоро тахқиқ мекунад. Забоншиносии хусусӣ бошад забонҳои алохида ё гурӯҳи забонҳоро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Забоншиносӣ аз рӯи усули тадқиқ,ба муқоисавӣ-таърихӣ, типологӣ, структурӣ, Забоншиносии математикӣ, Забоншиносии психологӣ тақсим мешавад. Лекнн аз рӯи хулосаҳое, ки дар натиҷаи таҳқиҷ ба даст омадааст, аз хусуси Забоншиносии назариявӣ ва амалӣ метавон сухан ронд; ба таърихи ва тасвири ҷудо кардани забоншиносӣ вобаста аст ба материале, ки тасдиқ, карда мешавад. Ба омӯзиши шеваҳои маҳаллӣ шевашиносӣ машғул аст. Услубшиносӣ, сотсиолингвистика, таърихи забони адабӣ низ аз соҳаҳои мустақили забоншиносии имрӯзаанд. Забоншиносӣ соҳаҳоеро низ дарбар мегирад, ки ҷиҳатҳои гуногуни забонро таҳқиқ мекунанд: фонетика ва фонология — системаи овозҳоро, грамматика (морфология ва синтаксис) — сохти калима ва ҷумларо, лексикология ва лексикография — таркиби луғавиро, фразеология — ибораву калимаҳои рехтаро, этимология — баромад ва инкишофи калимаҳоро, ономастика (антропонимика ва топонимика) — исмҳои хосро, палеография — таърихи хатро ва ғайра. Забоншиносӣ бо семиотика — илм дар бораи системаи аломатҳо, ки забон ҳам ба он дохил аст, инчунин бо адабиётшиносӣ, психология, таърих , мантиқ, фалсафа, география алоқаманд буда, аз комёбиҳои риёзӣ, кибернетика, физика ва дигар соҳаҳои илм баҳра мегирад.
Дар забони англисӣ ба мисли дигар забонҳо замон вуҷуд дорад, ки масалан.
Go-went-gone меравад-рафт-хоҳад рафт Do-did-done мекунад-кард-хоҳад кард See-saw-seen мебинад-дид-хоҳад дид ва ғайраҳо.