Китобхонаи давлатии Бавария
From Wikipedia, the free encyclopedia
Китобхонаи давлатии Бавария ( олмонӣ: Bayerische Staatsbibliothek, мухтасаран BSB, ки то соли 1919 Bibliotheca Regia Monacensis номида мешуд) дар Мюнхен, ки китобхонаи давлатии Иёлати Озоди Бавария мегӯянд, соли 1558 таъсис ёфтааст. Аз бузургтарин китобхонаи ҳамагонӣ ва тадқиқотӣ дар Олмон ва яке аз муҳимтарин китобхонаҳои Аврупо мебошад. Бо маҷмӯи маводи он, ки айни замон тақрибан 10.89 миллион китобро дар бар мегирад (аз соли 2019), китобхона яке аз беҳтарин китобхонаҳои тадқиқотӣ дар саросари ҷаҳон маҳсуб мешавад. Гузашта аз ин, захираи таърихии он яке аз муҳимтарин маҷмӯи дастхатҳои ҷаҳон, бузургтарин маҷмӯи инкубабула дар саросари ҷаҳон ва инчунин маҷмӯи сершумори маводи дигари муҳимро дар бар мегирад. Ҷамъи маводи чопии таърихии ин муассиса то соли 1850 тақрибан як миллион ададро ташкил медиҳад.[1]
Китобхонаи давлатии Бавария | |
---|---|
Bayerische Staatsbibliothek | |
Навъ | Китобхонаи ҳамагонӣ, Китобхонаи академӣ |
Кишвар | Олмон |
Нишонӣ | Мюнхен, Бавария |
Таъсис | 1558 |
Фонд | |
Таркиби захира | 33,921,166 |
Нусхаи ҳатмӣ | 2 нусха аз ҳамаи тирожҳое, ки дар ҳудуди Бавария чоп мешавад |
Дигар иттилоот | |
Раис | Клаус Сейнова |
Веб-сайт | bsb-muenchen.de |
Мукофотҳо | Китобхонаи сол (2008) |
Аз соли 1663 дар Бавария қонуни нусхаи ҳатмӣ вуҷуд дорад, ки мувофиқи он ду нусхаи ҳар як асари чопии дар Бавария интишоршаванда бояд ба китобхона супорида шавад. Ин қонун имрӯз ҳам амал мекунад. Ғайр аз ин, китобхона дувумин китобхонаи бузурги маҷаллаҳои Аврупост (пас аз Китобхонаи Бритониё ). Китобхона маҷаллаи махсуси Bibliotheksforum Bayern-ро нашр мекунад ва аз соли 2007 инҷониб Bibliotheksmagazin-ро бо ҳамкорӣ бо Китобхонаи давлатии Берлин нашр мекунад. Бинои он дар Ludwigstrasse ҷойгир аст.