![cover image](https://wikiwandv2-19431.kxcdn.com/_next/image?url=https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/b/b3/Great_Men_and_Famous_Women_Volume_1_-_Cyrus_the_Great.png/640px-Great_Men_and_Famous_Women_Volume_1_-_Cyrus_the_Great.png&w=640&q=50)
Куруши Бузург
From Wikipedia, the free encyclopedia
Куруши Бузург (форсӣ: کوروش بزرگ), Куруши Кабир, Куруши II, Куруш (порсии бостон: 𐎤𐎢𐎽𐎢𐏁 — Kuruš (ku-u-ru-u-š), юн.-қад. Κῦρος, лот. Cyrus; тақрибан 600 то м., Аншон[d], Порс — 530 то м., Сирдарё[1]) — бунёнгузор ва нахустин шоҳи Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ (559—530 то м.).
порсии бостон: 𐎤𐎢𐎽𐎢𐏁 | |
![]() | |
559 то м. — 530 то м. | |
Пешгузашта | Камбуҷияи I |
Ҷонишин | Камбуҷияи II |
559 то м. — 530 то м. | |
Пешгузашта | Камбуҷияи I |
Ҷонишин | Камбуҷияи II |
Таваллуд |
тақрибан 600 то м. |
Даргузашт |
530 то м. |
Мадфан | |
Дудмон | Ҳахоманишиён |
Падар | Камбуҷияи I |
Модар | Мондонои Модӣ |
Ҳамсар | Cassandane[d], Омитис ва Neithiyti[d] |
Фарзандон | Камбуҷияи II, Бардиё, Ҳутусо, Roxane[d] ва Артистуна |
Эътиқод | маздаясно |
![]() |
Куруш дар устувонааш, худро «фарзанди Камбуҷия, шоҳи бузурги Аншон, набераи Куруш, шоҳи бузурги Аншон, набераи Чишпиш, шоҳи бузурги Аншон, аз хонаводае, ки ҳамеша подшоҳ будааст», муаррифӣ мекунад. Ба гуфтаи Ҳеродот, Куруш насаби шоҳона доштааст ва ба ҷуз Ктезиёс, дигар нависандагони юнонӣ, Мондоно, духтари Иштувегуро модари Куруш донистаанд ва гузориш додаанд, ки Куруш ҳосили издивоҷ Камбуҷияи I ва Мондоно будааст. Бархе аз муаррихони имрӯзӣ ин ривоятро муътабар медонанд, аммо бархеи дигар эътиқод доранд, ки ривоҷи ин ривоят решаҳои сиёсӣ доштааст ва ҳадафаш ин буда, ки аз бунёнгузори Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ, марде нимамодӣ бисозад то модҳоро бо фармонравоии Порсҳо оштӣ диҳад ва усулан робитае байни Мондоно духтари Иштувегу ва Куруш қоил нестанд ва онро афсона медонанд. Ҳеродот дар мавриди дастёбии Куруш ба қудрат, чаҳор достон нақл мекунад, вале фақат яке аз онҳоро муътабар медонад. Тибқи назари Ксенофон аз садаи V то садаи IV пеш аз мелод, силсиладостонҳои мутафовите дар бораи Куруш нақл мешудааст.