From Wikipedia, the free encyclopedia
Мардумсолорӣ (форсӣ: مردمسالاری), демокра́тия (юн.-қад. δημοκρατία аз δῆμος «мардум» + κράτος «ҳукумат») — шакли ташкилоти сиёсии ҷамъият, ки аз руйи иштироки шаҳрвандҳо дар кори идоракунӣ, баробарии онҳо дар назди қонун, хуқуқҳои сиёсӣ ва озодии шахс, аз дигар шаклҳои ҳокимият фарқ мекунад.
Дар асоси маълумоти таърихӣ — инкишофёбӣ ва тағйирёбии демократия бо ҳадди инкишофёбии ҷамъият алоқаманд аст.
Яке аз навъҳои таърихии демократия дар давраҳои атиқа пайдо шудааст, ки он демократияи Афинаи Қадим мебошад. Нишонаи демократияи қадим — ҷамъомадҳои халқӣ, интихобкунӣ, масъулиятнокии шахсони мансабдор мебошад. Нишонаи асосии демократия интихобӣ будани мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад. Ду намуди демократия фарқ карда мешавад:
Демократия аз ҳама шакли давлат аст. Демократия аз шаклҳои дигари давлат (истибдод, автократия, диктатураи ҳарбӣ ва ғайрахо) бо хусусиятҳои зерин фарқ мекунад: ба таври расмӣ эътироф намудани принсипи тобеияти ақаллият ба аксарият; баробарӣ ва озодии шаҳрвандҳо; интихоби будани органҳои давлатӣ ва ғайраҳо.
Дар моддаи якуми Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки Тоҷикистон давлати демократӣ, хуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон аз соли 1991 демократияи худро сохта истодааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.