From Wikipedia, the free encyclopedia
Михаэ́л Шума́хер (олмонӣ: Michael Schumacher; [ˈmɪçaʔeːl ˈʃuːmaχɐ] ; тав. 3 январ 1969, Ҳюрт-Ҳермюлҳайм, Райн-Вестфалени шимолӣ) — собиқ ронандаи олмонии мусобиқаи «Формула 1», қаҳрамони ҳафткаратаи ҷаҳон.
олмонӣ: Michael Schumacher | |
| |
Иттилоъоти инфиродӣ | |
Ҷинс | мард[1][2] |
Лақаб | Schumi |
Кишвар | |
Тахассус | auto racing[d] |
Бошгоҳ | Jordan Grand Prix[d], Benetton Formula[d], Scuderia Ferrari[d] ва Mercedes F1 Team[d] |
Зодрӯз | 3 январ 1969[4][5][6][…] (55 сол) |
Зодгоҳ | |
Қад | 174 сантиметр |
Вебгоҳи расмӣ(англ.) | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Фаъолияти Михаэл аз рондани картинг, ки падараш Ролф сохтааст, оғоз ёфтааст, Падараш роҳбарии картинги маҳаллиро ба дӯш дошт. Михаэл Шумахер дар чаҳорсолагӣ ба паси чанбарак нишаст ва аллакай дар синни панҷсолагӣ дар сабқати картингҳо бомуваффақият ширкат меварзид. Михаэл дар кӯдакӣ бо дигар намудҳои варзиш, алахусус, ҷуду машғул буд. Аммо дар ниҳоят ӯ қарор дод, ки ба картинг диққат диҳад[8]. Дар синни 14-солагӣ, ӯ аввалин шаҳодатномаи ронандагии худро гирифт ва дар мусобиқаҳои расмӣ ширкат варзид. Байни солҳои 1984 ва 1987 Михаэл дар якчанд қаҳрамониҳои Олмон ва Аврупо оид ба картинг ғолиб омад, аз ҷумла силсилаи «Формула Кёниг». Соли 1990 ӯ унвони қаҳрамонро дар Формула 3-и Олмон ба даст овард. Соли 1991 ӯ ба зинаҳои муваффақ баромад ва дар Формула 3000-и Ҷопон рақобат кард. Ҳамчун узви барномаи ҷавонони Mercedes Junior, ӯ дар чемпионати ҷаҳон оид ба истодагарӣ бо Карл Венлдингер ва Ҳайнтз-Ҳаралд Френтзен ширкат варзида, дар Мехико соли 1990 дар як Sauber-Mercedes C11 ва соли 1991 дар «Аутополисе» (Ҷопон) дар Sauber-Mercedes C291z (ҳарду маротиба бо Карл Вендлингер) иштирок намудаааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.