Мурғи султонӣ, сесарка (лот. Numididae) — оилаи паррандаҳои мурғмонанд. Дарозии баданаш 30—75 сантиметр, калонҷусса, пойҳояш бақувват, cap ва қисми гарданаш бепар, параш сиёҳ ё хокистарранги чипор. 4 ҷинс ва 7 гунаи мурғи султонӣ маълум аст.
Quick Facts Мурғи султонӣ, Табақабандии илмӣ ...
Мурғи султонӣ |
---|
|
Бе ранг: | Дутарафа-симметриҳо |
|
Numididae de Sélys Longchamps, 1842 |
|
Close
Дар Африқо, ҷануби Саҳрои Кабир ва ҷазираи Мадагаскар маскунанд; эҳтимол ба Арабистони Ҷануби Ғарбӣ ва ҷазираи Коморск бурда бошанд. Дар даштҳои алафзори тропикӣ, пахтазор ва ҷангал зиндагӣ мекунад. Села-села дар замин гашта, шабро дар дарахт мегузаронад. 7—20 дона тухм мегузорад. Дон, шохчаҳои наврас, пиёзак, ҳашарот ва дигар бемӯҳрагонро мехӯрад. Мурғи султонӣ паррандаи сайдист.