Пйер-Жан де Беранже
From Wikipedia, the free encyclopedia
Пйер-Жан де Беранже́ (фр. Pierre-Jean de Béranger, 19 августи 1780, Порис — 16 июли 1857, ҳамон ҷо) — шоири фаронсавӣ.
фр. Pierre-Jean de Béranger | |
Таърихи таваллуд: | 19 август 1780(1780-08-19)[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 16 июл 1857(1857-07-16)[1][2][5][…] (76 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | chansonnier, сиёсатмадор, шоир, таронасаро, оҳангсоз, нависанда, овозхон-таронапардоз |
Забони осор: | фаронсавӣ[1][6] |
Имзо: | |
Осор дар Викитека | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Дар ибтидои роҳи эҷодиаш дар навъҳои адабии ҷараёни класситсизм шеърҳо эҷод мекард. Баъдан ба эҷоди сурудҳо рӯ овард, ки дар онҳо маъниву мазмунҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, норозигӣ аз сохти иҷтимоӣ, васфи сотсиализми хаёлӣ ва тарғибгарони он ифода ёфтаанд (маҷм. «Сурудҳои маънавӣ», 1815; «Сурудҳои чопнашуда», 1820, «Сурудҳо», 1821 ва ғайра). Дар эҷодиёти Б. мавзӯи Шарқ мавқеи махсус дорад (шеъри «Панҷуми май»). Дар шеъри «Хушбахт» Осиёро сарзамини бахту саодат номидааст. Дар «Маҳбусзан» аз Шарқ ва мақоми он дар тамаддуни башар сухан меравад. Дар шеъри «Пантеизм» аз шоири мутасаввиф Саноӣ ёд кардааст. Намунаҳои осори Б. ба аксар забонҳои дунё, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд (шеърҳои «Байрақи куҳна», «Таронаи вопасин», «Панҷоҳсола», «Ғижаки шикаста», «Зимистон»).