From Wikipedia, the free encyclopedia
Рейнҳолд Морисевич Глиэ́р (ном ба ҳангоми таваллуд — Рейнҳолд Эрнест Глиэр; 30 декабр 1874 [11 январ 1875][1][2][3][…], Киив[1][4] — 23 июн 1956[4][2], Маскав[4]) — оҳангсоз, омӯзгори мусиқӣ, раҳбари мусиқии аҳли Русия ва Шӯравӣ. Артисти халқии ИҶШС (1938).
Иттилооти асосӣ | |
---|---|
Ном ба ҳангоми таваллуд |
олмонӣ: Reinhold Ernst Glier укр. Рейнгольд Моріцевич Глієр |
Таърихи таваллуд | 30 декабр 1874 (11 январ 1875)[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 23 июн 1956[4][2] (81 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз, раҳбари мусиқӣ, хореограф, мусиқишинос, омӯзгори мусиқӣ, устоди донишгоҳ, оҳангсози филм, пиёнунавоз |
Соз | скрипка ва фортепиано[5] |
Сабк | опера[6], симфонӣ[6], мусиқии килоссик[d][6], мусиқии бумӣ[d][6] ва ballet[d][6] |
Ҷоизаҳо | |
Соядаст | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Хатмкардаи Консерваторияи Маскав (1900). Аз соли 1901 омӯзгорӣ кард; профессор (аз соли 1913) ва директори (аз соли 1914) Консерваторияи Киев; профессори Консерваторияи Маскав (1920—1941). Дар тамоми жанрҳои мусиқӣ кор кардааст. Аввалин балети шӯравӣ дар мавзӯи муосир — «Гули сурх» (1927) ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Осори Рейнҳолд Глиэр рушддиҳандаи суннатҳои мусиқии классикии рус буда, дар ташаккули фарҳанги мусиқии миллии Озарбойҷон («Шоҳсанам», 1927) ва Ӯзбекистон (операҳои «Лайлию Маҷнун»), 1949 ва «Гулсара», 1949; ҳар ду бо ҳамдастии Т. Содиқов) нақши муҳим бозидаанд. 5 опера, 3 симфония, чанд асари барномавии симфонӣ, увертюраҳо, консертҳо барои оркестр, чандин пйесаҳои созию овозӣ ва ғ. дорад. Солҳои 1938—1948 раиси Кумитаи ташкилии ИК ИҶШС буд. Шогирдони бисёре тарбия кардааст (Н. Я. Мясковский, С. С. Прокофев, Б. Н. Лятошинский, А. Н. Александров, А. А. Давиденко, Л. К. Книппер ва дигарон).
Дорандаи ҷоизаҳои давлатии ИҶШС (1946, 1948, 1950). Бо 3 ордени Ленин ва дигар ордену медалҳо сарфароз гардидааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.