Рианна
From Wikipedia, the free encyclopedia
Рианна (англ. Rihanna); номи пурра - Робин Рианна Фенти (англ. Robyn Rihanna Fenty; тав. 20 феврали 1988, Барбадос) - овозхон, актриса, продюсери мусиқӣ, дизайнер ва хайрхоҳи барбадосӣ. Дар синни 16-солагӣ вай ба Иёлоти Муттаҳида кӯчид ва касби овозхониро пеш гирифт. Баъдтар вай бо Def Jam Recordings шартнома имзо гузошт.
Иттилооти асосӣ | |
---|---|
Ном ба ҳангоми таваллуд | англ. Robyn Rihanna Fenty |
Таърихи таваллуд | 20 феврал 1988(1988-02-20)[1][2][3] (36 сол) |
Зодгоҳ | |
Солҳои фаъолият | 2005 — то ҳол |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Навъи садо | метсо-сопрано[d] |
Сабк | мусиқии рақсӣ, ритм-н-блюзи муосир[d], мусиқии поп, регги[d], ҳип-ҳоп[d] ва electronic dance music[d] |
Ношир(он) | Def Jam Recordings[d], Westbury Road Entertainment[d] ва Roc Nation[d] |
Ҷоизаҳо |
Ҷоизаи «Грэмми» барои беҳтарин замзаимаи муштараки рэп/суруд[d] (2008) ҷоизаи «Грэмми» барои беҳтарин сабти (мусиқӣ) рақсӣ[d] (2011) Ҷоизаи «Грэмми» барои беҳтарин замзаимаи муштараки рэп/суруд[d] (2010) Ҷоизаи «Грэмми» барои беҳтарин замзаимаи муштараки рэп/суруд[d] (2012) Ҷоизаи «Грэмми» барои беҳтарин замзаимаи муштараки рэп/суруд[d] (2015) Ҷоизаи «Грэмми» барои беҳтарин замзаимаи муштараки рэп/суруд[d] (2018) |
Соядаст | |
rihanna.com(англ.) | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Дар соли 2005 Рианна эҷодиёти аввалини худро Music of the Sun-ро баровард, ки ӯ тавонист ба топ 10 беҳтарин албомҳои Billboard 200 дохил шавад, ва сингли «Pon de Replay» дар чарти (ҷадвали) Billboard Hot 100 муваффақиятро ба даст овард. Камтар аз як сол баъд сароянда якумин албоми студиявии худро A Girl like Me-ро (2006) баровард, ки дар топ 5 чарти албомии Billboard устувор гашт, ҳамчунин суруди «SOS» аввалин сингли Рианна гашт, ки дар чарти Hot 100 тавонист ҷойҳои аввалинро забт кунад. Сеюмин албоми студияаш Good Girl Gone Bad (2007) дар худ чор хит-синглро «Umbrella», «Take a Bow», «Disturbia», «Don’t Stop the Music» доро буд ва соҳиби 9 номинатсияи ҷоизат «Грэмми» гашт, ки тавонист номзадии «Беҳтарин иҷрои муштарак (вокал/рэп)»-ро барои суруди «Umbrella» ба даст оварад, ки бо ҳамроҳии рэпер Jay-Z навишта шуда буж. Албоми чоруми студиявиаш бо номи Rated R дар моҳи ноябри соли 2009 баромад; якчанд сурудҳо аз ин албом ба гурӯҳи беҳтарин даҳгонаи синглҳо ворид шуданд, дақиқтараш синглҳои «Russian Roulette», «Hard» ва «Rude Boy», ки ҷойи аввали чарти Billboard Hot 100-ро соҳиб гаштанд. Панҷумин албоми студиявиаш Loud (2010) дар худ 3 сингли ҳаҷми аввала (первая величина)-ро доро буд: «Only Girl (In the World)», «What’s My Name?» ва «S&M». Шашум албоми студиявӣ бо номи Talk That Talk 18 ноябри 2011 баромад ва хит-сингли «We Found Love»-ро доро буд, ки 11-ум #1-и Рианна дар Hot 100 гашт ва дар ҷои аввал тӯли 10 ҳафта истод. Ҳафтум албом Unapologetic 19 ноябри 2012 хориҷ шуд ва ба эҳтимоли баромадаш лид-сингли «Diamonds» гувоҳӣ медод.[4][5]
Рианна бо зиёда аз 20 миллион нусхаи албом ва 60 миллион синглҳои фурӯхташуда яке аз пурфурӯштарин сарояндаҳои ҳама давру замонҳо ба ҳисоб меравад.[6] Вай ҷавонтарин сароянда дар таърихи Billboard аст, ки чаҳордаҳ маротиба дар ҷадвали Billboard Hot 100 соҳиби ҷойи 1 шудааст.[7] То моҳи марти соли 2010, Рианна танҳо дар Иёлоти Муттаҳида 7,3 миллион албом ва беш аз 33,7 миллион сингл фурӯхтааст.[8][9] То моҳи июли соли 2015, зиёда аз 100 миллион нусхаи синглҳои сароянда фурӯхта шуд, ки Рианна аввалин ҳунарманди таърих аст, ки чунин нишондиҳандаро ба даст овардааст, мебошад.[10] Рианна аз ҷониби маҷаллаи Billboard ба унвони " Ҳунарманди рақамии эраи солҳои 2000 -ум" муаррифӣ шуд [11] ва дар маҷмӯъ дар байни ҳунармандони солҳои 2000-ум мақоми 17-умро ишғол кард.[12] Сароянда мукофотҳои зиёде ба даст овард, аз ҷумла дар соли 2007 World Music Awards барои номинатсияи Серхаридтарин сарояндаи поп ва Ҳунарманди сол ва инчунин дар маросими BRIT Awards номзадии Беҳтарин ҳунарманди занонаи байналмилалӣ.[13] Рианна ҳашт ҷоизаи Грэмми, шаш ҷоизаи American Music Awards ва ҷоизаи махсуси Icon Award, ҳаждаҳ ҷоизаи Billboard Music Awards-ро ба даст овардааст. 20 сентябри 2018 Сафири фавқулодда ва мухтори Барбадос дар Иёлоти Муттаҳида шуд [14][15]. Дар охири соли 2018, Рианна мақоми ҳафтумро дар рейтинги сарояндаҳои сердаромад дар ҷаҳон-2018, ки маҷаллаи Форбс тартиб додааст, ишғол кард. Даромади вай барои соли 2018 37,5 миллион доллар буд [16].