Рован Аткинсон
From Wikipedia, the free encyclopedia
Рован Себастиан Аткинсон (англ. Rowan Sebastian Atkinson) — ҳаҷвнигор, ҳунарпеша, нависандае аст, ки барои қиёфаи нақши Оқои Бин ва Блек Адар дар телевизиони Бритониё машҳур шудааст. Сериали телевизионии «Оқои Бин» дар солҳои 1990—1995 дар Бритониё мунтазам намоиш дода шуда то 20 миллион тамошобинонро ҷамъ мекард. Аткинсон минбаъд, дар филми «Оқои Бин» (1997) ва «Оқои Бин дар истироҳат» дар синамои Бритониё, низ бо ҳамин нақши қаҳрамон иштирок варзидааст. Нақши дигари ӯ Агент Ҷони Инглиш дар филмҳои ҳамном дар солҳои 2003 ва 2011 ва диг. қаҳрамонҳои мазҳакавӣ мебошанд.
англ. Rowan Atkinson | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: |
англ. Rowan Sebastian Atkinson юн. Ρόουαν Σεμπάστιαν Άτκινσον |
Таърихи таваллуд: | 6 январ 1955(1955-01-06)[1][2][3][…] (69 сол) |
Зодгоҳ: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпешаи телевизиюн, ҳунарпешаи синамо, мазҳакабоз, садопеша, ҳунарпешаи театр, филмноманавис, муҳандиси барқ, ҳунарпеша, manufacturer, таҳиякунандаи филм |
Корнома: | 1979 — то ҳол |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 0000100 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Номи ӯ ба унвони яке аз панҷоҳ нафар дар миёни феҳристи Бомаззатарин Ҳаҷвнигорони Бритониё дар маҷаллаи «Обсервер» ба чашм мехурад. Ӯ ҳамчунин ба унвони яке аз панҷоҳ нақши беҳтарини мазҳакавӣ дар таърих дар назарсанҷӣ миёни афроди ҳаҷвнигор дар соли 2005 интихоб шуда буд.