Тоҷикистон
кишваре дар Осиёи Марказӣ / From Wikipedia, the free encyclopedia
Тоҷикистон (форсӣ: تاجیکستان), номи расмӣ — Ҷумҳурии Тоҷикистон (форсӣ: جمهوری تاجیکستان) — кишварест дар Осиёи Марказӣ, дар доманаҳои Помир ҷойгир буда, ба баҳр роҳи баромад надорад. Аз назари масоҳат хурдтарин давлат дар Осиёи Миёна аст. Аз ғарб ва шимоли ғарб бо Узбакистон, аз шимол бо Қирғизистон, аз шарқ бо Чин ва аз ҷануб бо Афғонистон ҳамсарҳад аст.
Ин саҳифа дар ҳоли ҳозир аз ҷониби корбар Дӯстмурод Саид (баҳс) 07:20, 12 марти 2024 (UTC) фаъолона таҳрир шуда истодааст. |
|
|||||
Суруди миллӣ: «Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» |
|||||
Таъсис | |||||
· ҶМШС Тоҷикистон | 14 октябри соли 1924 | ||||
· ҶШС Тоҷикистон | 5 декабри соли 1929 | ||||
· Эъломи истиқлол аз ИҶШС | 9 сентябри соли 1991 | ||||
· Пайвастшавӣ ба ИДМ | 21 декабри соли 1991 | ||||
· Қабулшавӣ ба Созмони Милали Муттаҳид | 2 марти соли 1992 | ||||
· Қабули Конститутсияи кунунӣ | 6 ноябри 1994 | ||||
Санаи истиқлол | 9 сентябри 1991 (аз Иттиҳоди Шӯравӣ) | ||||
Забони расмӣ |
тоҷикӣ (давлатӣ) русӣ (забони муоширати байни миллатҳо) |
||||
Пойтахт | Душанбе | ||||
Шаҳрҳои калонтарин | Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Истаравшан | ||||
Шакли ҳукумат | ҷумҳурии президентӣ[1] | ||||
Президент | Эмомалӣ Раҳмон | ||||
Сарвазир | Қоҳир Расулзода | ||||
Раиси Маҷлиси Олӣ | Рустами Эмомалӣ | ||||
Дини давлатӣ | давлати дунявӣ[2] | ||||
Масоҳат | 93-ум дар ҷаҳон | ||||
· Ҳамагӣ | 7002141400000000000♠141,400[3] км² | ||||
· % сатҳи об | 0,3 | ||||
Аҳолӣ | |||||
· Баҳо (2022) | ▲7007100000000000000♠10 000 000[4] нафар (92-ум) | ||||
· Барӯйхатгирӣ (2010) | 7006741740000000000♠7 417 400 нафар | ||||
ММД (БҚХ) | |||||
· Ҳамагӣ (2017) | 27,802 млрд[5] долл. (128-ум) | ||||
· ба сари аҳолӣ | 3,146 долл. | ||||
ММД (номинал) | |||||
· Ҳамагӣ (2017) | 7,342 млрд долл. (147-ум) | ||||
· ба сари аҳолӣ | 819 долл. | ||||
ШРИ (2018) | ▲0,627[6] (миёна; 129-ум ҷой) | ||||
Номи аҳлият | Тоҷикистонӣ, Тоҷикистониҳо | ||||
Воҳиди пул | сомонӣ (TJS, рамз 972) | ||||
Интернет-домен | .tj | ||||
Рамзи ISO | TJ | ||||
Рамзи КБО | TJK | ||||
Пешшумораи телефон | +992 | ||||
Минтақаи замонӣ | UTC+5 |
Тоҷикистон кишвари кӯҳсор ва пурбориш аст ва манобеи фаровони зеризаминиву об дорад. Паҳноварӣ — 141 400 км² (93-ум дар ҷаҳон)[7], шумораи аҳолӣ — 9,537,645 нафар (2020), аз он ҷумла дар шаҳрҳо 2,606,273 нафар ва деҳот 6 931 372 нафар аҳолӣ зиндагӣ доштанд[8].
Номи Тоҷикистон (форсӣ: تاجیکستان — «кишвари тоҷикон») аз худи номи тоҷикон ва пасванди -истон гирифта шудааст. Номи мазкур соли 1924 дар натиҷаи марзбандиҳои миллӣ-ҳудудии Осиёи Миёна[9] ва таъсиси ҶШС Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Узбакистон (солҳои 1929—1991 — ҶШС Тоҷикистон) пайдо шудааст.
Таъриху фарҳанги Тоҷикистон бо Афғонистону Эрон яксону монанд аст. Кӯҳантарин номе, ки ниёгони мардуми эронитабор, яъне ориёиҳо, бар сарзамини худ ниҳода буданд, Airyānǝm Vaējah буда, ки аз он дар Авесто ёд шудааст. Ҷойгоҳи ин сарзамин ҳануз дуруст ошкор нашудааст. Дертар сарзамини Ориёӣ ба 16 подшоҳӣ ҷудо гардид, ки аз онҳо дар Авесто бо номи Airyānǝm Dahyunam ёд шудааст. Ҳамин ном дертар Airyānǝm Xšaθram, Aryānšaθr ва Ērānšahr гашт ва Эрон шуд.
Яке аз он 16 dahyu ё деҳа (дар Авесто ба маънии сарзамин ва подшоҳист) Суғд ва дигаре Бохтар ё Балх буд, ки бахше аз сарзамини кунунии Тоҷикистонро дарбар мегиранд. Суғду Бохтар (Балх) дар замони ҳукуматдории Ҳахоманишиҳо (558—330 то милод) — яке аз хšaθra ё шаҳрҳои (кишварҳои) Ориёно шудаанд. Ба кишвари Ориёно — Давлати Пешдодиёну Давлати Каёниён ва Тӯрон — Давлати Афросиёб, Подшоҳии Бохтари қадим, Давлати Суғди қадим, Давлати Хоразми Бузург, Порсу Давлати Мод ва Хуросон дохил буданд. Дар он замон сарзамини миёни Омударё ва Сирдарёро, ки як шаҳр (дар порсии бостон ба маънии подшоҳист) ба шумор мерафт, Парадрая низ мехонданд, ки маънояш Вар аз руд аст. Дар «Шоҳнома» — и А. Фирдавсӣ ин сарзамин Тӯрон хонда шудааст. Дар бораи шаҳрдории ниёгони халқи тоҷик бозёфти шаҳркадаи Саразм (аз калимаи тоҷикии «сарзамин») шаҳодат медиҳад, ки ҳазорсолаҳои IV—II то милод рушду нумуъ дошт. Шаҳркадаи Саразм аввалин мероси таърихии Тоҷикистон аст, ки соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст.
Пас аз лашкаркашии Искандари Мақдунӣ ин сарзамин бахше аз подшоҳии Искандар (330—323 то милод) ва Селевкиён (312—150 то милод), подшоҳии Юнону Бохтар (250—125 то милод), шоҳаншоҳии Ашкониён (250 то милод — 224 милодӣ), шоҳаншоҳии Кушониён (садаҳои I то милод- IV милоди), Давлати Сосониён (224—651), шоҳаншоҳии Ҳайтолиён (садаҳои IV—VI) ва шоҳаншоҳии Ҳоконии турк (551—741) шуд.
Дар замони Сосониён (224—651) ин сарзамин дар маводҳои таърихӣ Вароруд (Варазруд) ва Хуросон хонда мешуд ва чанд подшоҳии ҷудогона дошт.
Дар нахустин садаҳои исломӣ, дар солҳои 705—715, ки сулолаи Умавиён бар Хилофати Араб фармон меронданд, арабҳо бар Сосониён тохтанд ва онро гирифтанду мардумашро мусулмон карданд. Аз он пас ин макон ном ба арабӣ баргардон шуд ва Мовароуннаҳр хонда шуд ва бахше аз вилояти Хуросон гашт.
Пас аз густариши Ислом дар Эрону Тӯрон, вилояти Хуросон, аз ҷумла Мовароуннаҳр (Вароруд (Варазруд)), зиндакунандаи фарҳанги эронӣ ва офаринандаи забони порсӣ-дарӣ буд, ки ҷонишини забони паҳлавӣ, суғдӣ, тахорӣ, хутану сакоӣ шуд. Нахустин шоирони порсигӯй аз ин сарзамин бархостанд, ба вижа Рӯдакӣ, ки падари шеъри порсӣ (форсӣ) шинохта шудааст. Дар нахустин садаҳои исломӣ, Хуросон ва Мовароуннаҳр гаҳвораи фарҳангу дониши исломӣ буданд ва бузургоне чун Имоми Аъзам, Имом ал-Бухорӣ, Закариёи Розӣ, Ибни Сино ва нафарони дигар дар худ парвариданд.
Сомониён (819—999)
Сомониён (форсӣ: سامانیان), дудмоне аз амирон ва ҳукмронони тоҷики суннимазҳаб, ки ҳудуди ду қарн солҳои 819—999 бар бахшҳои бузурге аз Мовароуннаҳр бо таъйид ва муҳри хулафои Аббосӣ ҳукумат карданд.
Ғуриён (879—1215)
Ғуриён (форсӣ: سلسله غوریان), дудмоне аз салотини тоҷики суннимазҳаб, ки солҳои 1150—1215 дар Хуросон ҳукумат доштанд.
Куртҳои Ҳирот (1244—1381)
Куртҳо, ё Оли Курт (ар. آل کرت), силсилае аз амирони тоҷик, ки аз солҳои 1244—1381 дар Хуросон истиқлол доштаанд.
Дудмонҳои турку муғул
Пас аз сулолаи Сомониён (819—999) бар ин сарзамин султону хонҳои турку муғултабор аз силсилаҳои хонадони Ғазнавиён (998—1187), Қарохониён (1005—1141), Қарохитоиён (1141—1212), Салҷуқиён (1037—1194), Хоразмшоҳиён (1077—1231), Чингизиён (1220—1370), Темуриён (1370—1501), Шайбониён (1501—1599), Аштархониён (1599—1753) ва Манғитиён (1753—1920) фармон рондаанд (Нигаред: Халқи тоҷик дар ҳайати давлатҳои сулолаҳои турку муғулнажод).
Дар солҳои 1864—1895 ин сарзаминро, ки дар дасти амирони манғитияи Бухоро ва хони Хӯканд буд, русҳо гирифтанд ва бахше аз сарзамини мустамликадории Империяи Русия карданд.
Дар солҳои 1917—1921 дар ин кишвар муборизаи хунин барои пойдор намудани тартиботи шӯравии коммунистӣ шуда гузашт, ки боиси хиҷрати қисми ахолӣ аз Ватан гардид.
Пас аз шикасти амири Бухоро аз шӯришчиёни инқилобӣ дар 2 сентябри соли 1920, дар сарзамини ин аморат Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро бунёд ёфт.
Тоҷикистони Шӯравӣ
Соли 1924 дар натиҷаи гузаронидани тақсимоти миллии худудӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ, ин кишварро ба чанд ҷумҳурӣ ҷудо карданд ва дар бахшҳои шарқии он Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар таркиби Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон сохта шуд. Зодгоҳи тамаддуну фарҳанг ва офаринандагони забони форсӣ-тоҷикӣ дар натиҷаи ин амали сунъӣ парешон гардиданд.
Танҳо, соли 1929 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз Ӯзбекистон ҷудо шуд ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ном гирифт.
Дар ҶШС Тоҷикистон идеологияи коммунистӣ ҳукумрон гардида, дини ислом ба зери таъқиб қарор гирифта буд, Қисми мардуми кишвар тартибу низоми шуравиро рад намуда бо Ҳукумати шуравӣ ҷангиданд (ҷанги шаҳрвандии соли 1921—1924). Аммо ба максади хеш нарасида Ватанашонро тарк намуданд. Дар солҳои 30-40 асри XX асосҳои нави истеҳсолоти саноатӣ дар ҶШС Тоҷикистон гузошта шуданд. Дар деҳот коллективонии хоҷагидории деҳқонӣ анҷом ёфта, боиси аз байн рафтани деҳқонони соҳибмулк гардид. Инқилоби маданӣ ба ҳаёти тоҷикон мактабҳои навъи шуравӣ (мактаби маҳви бесаводии калонсолон, кӯдакистон, мактаби миёнаи наврасон, мактаб-интернат, омузишгоҳи касбӣ, мактаби олӣ) муассисаҳои илмиву фарҳангӣ (театр, китобхона, клуб, чойхонаи сурх-қироатхона, осорхона, боғи истироҳат, кинотеатр, варзишгоҳ)-ро ворид намуд. Тоҷикистон комилан ба муҷтамаи ягонаи умумииттифоқии хоҷагии халқ ҳамроҳ гардида, пурра тобеи Марказ (Иттиҳоди Шӯравӣ) гардид.
Солҳои 50-80 асри XX баъд аз ба сари давлат таъйин гардидани сарварони таҳҷойӣ ба монанди Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов ва Қаҳҳор Махкамов иқтисодиёти Тоҷикистон рушд меёфт. Тоҷикистон ба мамлакати хоҷагидориаш индустриалӣ — аграрӣ табдил ёфт, фарҳангу санъати миллӣ эҳё гардид. Сатҳи зиндагии мардум баҳтар мегардид. Вале, бо вуҷуди он, Тоҷикистон нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ аз ҷиҳати таъмини манзили истиқомат, музди миёнаи маош, муассисаҳои илмӣ, маориф, фарҳанг, шумораи бекорон ва диг. дар ҷойи охирон қарор дошт. Иқтисодиёти Тоҷикистон асосан барои таъмини корхонаҳои марказии Иттиҳоди Шӯравӣ бо ашёи хом (неруи барқ, пахта, канданиҳои фоиданок, уран ва диг.) нигаронида шуда буд. Дар давраи мавҷудияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (солҳои 1924—1991) халки тоҷик аз нав тамаддуну фарҳанг ва забони форсӣ-тоҷикиро дар каламрави хеш эҳё намуд. Сутуни ояндаи давлатдории соҳибистиқлоли Тоҷикистон гузошта шуд.
24 августи соли 1990 иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ (ИҶШС) қабул намуд.
Пас аз «табадуллот»-и (ГКЧП) коммунистони тундрав 19-21 августи соли 1991 дар Москва, ки бемуваффақият анҷом ёфт, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12) 9 сентябри соли 1991 Изҳорот «Дар бораи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро эълон дошт. Дар асоси ин Изҳорот Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори махсуси хешро «Дар бораи эълон шудани истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуд.
Тоҷикистони мустақил
Ҳарчанд эълони истиқлол ҳамаи азҳоби сиёсиро қонеъ гардонида буд, вай натавонист пеши роҳи муқовимати сиёсӣ ва маҳалбозии қавмиро бигирад.
Аз ҷониби азҳоби ба ҳукумат мухолифи сиёсӣ эътироф нашудани Қаҳҳор Махкамов ҳамчун Президенти ҶТ (аз 29 ноябри соли 1990), паи ҳам иваз шудани раисони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қ. Аслонов, С. Кенҷаев, А. Искандаров) мақомоти кишварро водор сохтанд, ки зери фишори тазоҳуркунандагони мухолифин ва барои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ интихоботи умумихалқии Президенти ҶТ баргузор намоянд. Маъракаи интихобот ба зиддиятҳои нави сиёсию идеолужӣ, мазҳабию маҳалгароӣ ва қавмию инфиродӣ боис гардид. Вазъи иҷчтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ рӯз ба рӯз бад мегардид. Пас аз ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Раҳмон Набиев (58,6 % овозҳо) неруи мухолифин бо баҳонаҳои гуногун фаъолияти ҳукумати навро сарзаниш менамуданд.
Соли 1992 аз моҳи март то ибтидои май тазоҳуроти пай дар пайи ҳизбу ҳаракатҳои ба ҳукумат мухолифин ва ҷонибдорони ҳукумат дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, махсусан Душанбе ба фалаҷ шудани мақомоти иҷроиия ва қонунгузории марказӣ ва маҳаллӣ сабаб шуд.
Таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатдории соҳибистиқлоли халки тоҷик ва эҳёи навини тамаддуну фарҳанг ва забони форсӣ-тоҷикӣ дар каламрави хеш асос гашт. Вале низоми давлатдории тоҷикон бо амри таърих боз ба душвориҳои нав рӯбарӯ омад. Зиддиятҳои аз давраи давлати шӯравӣ мерос монда ва дахолати душманони истиқлоли миллати тамаддунофари тоҷик, халқро ба вартаи ҷанги бародаркуш, ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор намуданд.
Воқеоти май — ноябри соли 1992 пояи далатдории Тоҷикистонро заиф сохта, кишварро ба қисматҳо тақсим кард ва хавфи аз байн рафтани давлат ба миён омад. Маҳз дар чунин шароити сангин 16 ноябри соли 1992 иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Дар иҷлосияи таърихӣ дар қатори ҳукумати тозаинтихобгардида, масоили хотима додани муқовимати сиёсӣ-низомии байни ҳукумати расмӣ ва неруҳои мухолифин, ба эътидол овардани ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ба Ватан баргардонидани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Вале, масъалаи асосии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии Тоҷикистон — хотима додани муқовимати сиёсӣ — низомии байни ҳукумати расмӣ ва неруҳои мухолифин ҳалли мусбати хешро танҳо соли 1997 ёфт. Дар натиҷаи музокироти байни тоҷикон оид ба сулҳ ва оштии миллӣ солҳои 1994—1997 дар шаҳри Москва 27 июни соли 1997 «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид.
Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд ба амалӣ сохтани барномаи ислоҳоти иқтисодӣ барои солҳои 1995—2004 ва барномаҳои дигар шурӯъ намуд. Барои аз хатари гуруснагӣ эмин доштани аҳолӣ ва бо озуқа таъмин намудани бозори дохилӣ Фармонҳои Президенти ҶТ Э. Раҳмон аз 9 октябри соли 1995 «Дар бораи 50 000 га замин ҷудо намудан барои хоҷагии назди ҳавлигӣ» ва 1 декабри соли 1997 иловатан ҷудо намудани боз 25 000 га замин аҳамияти калон дошта буд.
Дар натиҷаи ислоҳотҳои иқтисодии дар ҷумҳурӣ амалӣ гардида муносибатҳои нави иқтисоди бозорӣ, ки асоси онро моликияти хусусӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ ташкил медиҳад, ҷорӣ шуда истодаанд.
Вале иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон бе кумаки молиявии хориҷӣ лоиҳаҳои бунёдиро амалӣ карда наметавонад. Дар ибтидои асри XXI барномаҳои рушди стратегии кишвар муайян карда шудаанд.
Истиқлоли озуқаворӣ, амнияти энергетикӣ ва раҳоёбӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ — ҳадафҳои стратегии сиёсати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Ҳамин ҳадафҳои бунёдӣ тадриҷан дар амал татбиқ шуда истодаанд.
Қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ ва интихоботҳои умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри 1994, 1999, 2006, 2013) боз як қадами устувор дар давлатдории кишвар гардид. Тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз (26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016, интихоботҳои вакилон ба Маҷлиси Олии (2 палатагии) Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои навбатӣ дар такмили сохтори сиёсии ҷумҳурӣ гаштанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлол дар доираи Созмони Милали Муттаҳид (СММ — ООН), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА — ОБСЕ), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ — ШОС) ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда истодааст. Ҳамкории Тоҷикистон бо давлатҳои ИДМ ва мамлакатҳои дигари ҷаҳон пайваста рушд меёбад.[11]
Тоҷикистон дар қисми ҷанубии Осиёи Марказӣ ҷой гирифта, нуқтаҳои канории Тоҷикистон дар шимол силсилакӯҳи Қурама, дар ҷануб водии дарёи Панҷ, дар ғарб силсилакӯҳи Сарикӯл мебошанд. Тоҷикистон дар маркази қитъаи Осиё, дар минтақаи иқлимаш муътадили дур аз баҳру уқёнусҳо ҷой гирифта, дар ҳамвориҳои он иқлими биёбонӣ ҳукмфармост. Дар ғарби кишвар биёбону нимбиёбонҳои пастии Турон ҷойгиранд, ки тадриҷан ба талу кӯҳдоманҳо мубаддал мешаванд. Дар шарқ марзи он бо доманакӯҳҳо ва қаторкӯҳҳои Осиёи Марказӣ иҳота шудааст (аз ғарб ба шарқ 680 км тӯл кашидааст). Қисми марказии он нисбатан борик (камбар) буда, қариб 100 км аст[12].
Дарозии марзи Тоҷикистон дар маҷмӯъ зиёда аз 3 000 км-ро ташкил медиҳад. Тоҷикистон дар ғарб бо Ҷумҳурии Узбекистон (1 161 км), дар шимолу шарқ бо Ҷумҳурии Қирғизистон (870 км), дар шарқ бо Ҷумҳурии Халқии Чин (519 км) ва дар ҷануб бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (1 356 км) ҳамсарҳад аст. Дар ҷанубу шарқ Тоҷикистонро аз Ҳиндустону Покистон Долони Вахон (бараш аз 15 то 6 км) ҷудо мекунад.
Сохтори заминшиносӣ
Дар сарзамини Тоҷикистон ду плитаи азими тектоникии Замин — Авруосиё аз шимол ва Гондвана аз ҷануб ба ҳам бархӯрдаанд. Ин бархӯрд тӯли 200 млн соли охир идома дорад ва дар айни замон дар шакли ду низом (система)-и азими кӯҳии Осиё — Тиёншон (дар шимол) ва Помир (дар қисми ҷануби шарқӣ) ифода ёфтаанд[13].
Ҳудуди Тоҷикистон аз рӯи хусусияти сохтори заминшиносӣ ба 5 ноҳияи заминшинохтӣ ноҳиябандӣ мешавад[13]:
- Тоҷикистони Шимолӣ
- Тоҷикистони Шимоли Шарқӣ
- Тоҷикистони Марказӣ
- Тоҷикистони Ҷануби Ғарбӣ
- Тоҷикистони Ҷануби Шарқӣ
Ноҳияҳои заминшинохтӣ бо хусусиятҳои ҷуғрофиёии маҳал алоқаманд буда, дар маҷмӯъ пайдарҳамии силсилаи силсилакӯҳҳои ба самти арзӣ тӯлкашида ва водиҳои фарохро ифода мекунанд. Ноҳияҳо аз якдигар бо таърихи заминшиносӣ, сохтор ва марҳалаҳои асосии таҳаввулот фарқ мекунанд[13].
Обҳо
Тоҷикистон дорио манобеъи обии зиёдест, ки он аз ҳисоби обшавии пиряхҳо ва бориши атмосферӣ ташкил шудааст[14].
Ҳудуди Тоҷикистон 90% аз минтақаҳои ташаккулёбандаи маҷрои дарёҳо иборат буда, асоси захираҳои обии кишварро пиряхҳо, дарёҳо, кулҳо, обанборҳо ва обҳои зеризаминӣ ташкил медиҳанд. 947 рӯди хурду бузург, 1300 кӯл бо захираи 46,3 километри мукааб об, ки 20 километри мукааби он оби ширин мебошад, 11 обанбор бо ҳаҷми муфиди 7,5 километри мукааб об ва зиёда аз 10 ҳазор пирях манбаи асосии оби на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои Осиёи Марказист[15].
Пиряхҳо
Дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор пиряхи хурду бузург маҷуд аст[16], ки масоҳаташон ба 11 146 км² баробар аст ва ин нишондиҳанда 8 %-и ҳудуди кишварро дар бар мегирад, ки асосан дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва кӯҳҳои Ҳисору Олой ва бештар дар баландиҳои 3000-3500 то баландиҳои 3500-5300 м ҷой гирифтаанд[17].
Захираи умумии ях дар пиряхҳои кишвар ба 845 км³ баробар буда, пиряхҳои хурд бо масоҳати 1 км² танҳо 20%-и шумораи умумии пиряхҳои кишварро ташкил менамоянд, вале 85%-и ҳаҷми ях дар онҳо мутамарказ гардидааст. Дар пиряхҳои Тоҷикистон 456,9 км³ об захира шуда, соле ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 км³ об медиҳанд[18].
Тибқи маълумот, дар Тоҷикистон давоми 20 соли охир 15 пиряхи дорои дарозии аз 4 то 5 км комилан об шудааст[16].
Захираҳои табиъӣ
Сарватҳои табиъии Тоҷикистон вобаста аз қонуниятҳои геологӣ ва таҳаввулоти геодинамикии минтақаҳои он ташаккул ёфтаанд (нигар Сохти геологӣ). Дар ҳар як аз 5 ноҳияи заминшинохтии Тоҷикистон навъҳо ва маҷмӯъаи мушаххаси сарватҳои табиъӣ ҷойгир шудаанд: дар Тоҷикистони Шимолу Шарқӣ ва Тоҷикистони Ҷанубу Ғарбӣ сарватҳои табиъии ғайримаъданӣ, ба мисли намакҳо, ангишт, нафту газ, бентонитҳо, стронтсий ва ғайра пайдо шудаанд. Дар ноҳияҳои Тоҷикистони Шимолӣ, Тоҷикистони Марказӣ ва Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ (Помир) бештар канданиҳои маъданӣ (оҳан, тилои маҳаллӣ, нуқра, сурма, симоб, полиметаллҳо, флюорит ва ғайра) рушд кардаанд[19].
Дар Тоҷикистон ҳоло 28 конҳои нафту газ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин конҳо захираи нафт 2,2 млн тонна ва газ — 3,4 миллиард метри кубиро ташкил медиҳанд. Дар айни замон дар Тоҷикистон 40 конҳои тилои фаъол ва қариб 85 конҳои ояндадори тило муайян шудаанд.[20]
Минтақаи замонӣ
Тоҷикистон дар минтақаи замонииии UTC+5 воқеъ шудааст. Соати тобистонӣ аз соли 1991 тағйир накардааст, агарчи дар замони шӯравӣ истифода мешуд[21]. Узбакистон, Туркманистон, Покистон, Молдив ва ҳамчунин теъдоде аз манотиқи Русия дар як минтақаи замонӣ қарор доранд.
Тақсимоти маъмурӣ-ҳудудии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013 № 958 «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда мешавад[22].
Воҳидҳои маъмурӣ-ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонуни мазкур инҳоянд:
Ноҳияҳо ба деҳотӣ ва шаҳрӣ тақсим шуда, метавонанд тобеи ҷумҳурӣ, вилоят ва ё шаҳр бошанд.
Маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрӣ ва деҳотӣ ҷудо мешаванд.
Ба маҳалҳои шаҳрӣ, шаҳрҳо ва шаҳракҳо, ба маҳалҳои деҳотӣ деҳаҳо, новобаста ба тобеияти маъмурияшон, дохил мешаванд.
Шаҳрҳо метавонанд аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ё вилоятӣ дошта бошанд.
Тибқи омори 1 январи соли 2018 Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, 58 ноҳия, аз он ҷумла 4 ноҳия дар шаҳри Душанбе, 18 шаҳр, 57 шаҳрак, 370 ҷамоати деҳот[23] ва 4223 деҳаро дар бар мегирад[24].
№ | Ном | Шумораи ноҳияҳо |
Шумораи шаҳрҳо |
Маркази маъмурӣ | Аҳолӣ (01.01.2018) ҳазор тан[25] |
Паҳноварӣ ҳазор км² |
Зичии аҳолӣ тан/км² |
---|---|---|---|---|---|---|---|
1 | Душанбе | 4 | 831,4 | 0,126 | 8314,0 | ||
2 | Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон | 7 | 1 | Хоруғ | 223,6 | 62,9 | 3,5 |
3 | Вилояти Суғд | 14 | 8 | Хуҷанд | 2 608,5 | 25,2 | 103,5 |
4 | Вилояти Хатлон | 24 | 4 | Бохтар | 3 198,5 | 24,7 | 129,5 |
5 | Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ | 13 | 4 | Душанбе | 2 069,2 | 28,5 | 72,6 |
Ҳамагӣ | 62 | 18 | 8 931 200 | 143 100 | 86,23 |
Шаҳрҳои Тоҷикистон:
Аҳолӣ (01.01.1992), ҳазор тан |
Аҳолӣ (01.01.2015), ҳазор тан[26] |
Аҳолӣ (01.01.2016), ҳазор тан[27] |
Аҳолӣ (01.01.2018) ҳазор тан[25] |
Аҳолӣ (01.01.2019) ҳазор тан[28] |
Аҳолӣ (01.01.2020) ҳазор тан[29] |
Аҳолӣ (01.01.2021) ҳазор тан[30] |
Аҳолӣ (01.01.2022) ҳазор тан[30] |
Паҳноварӣ ҳазор км² |
Зичии аҳолӣ тан/км² | |
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Душанбе | 584,5 | 788,7 | 802,7 | 831,4 | 846,4 | 863,4 | 1185,4 | 1201,8 | 0,203 | 5914,4 |
Хуҷанд | 165,3 | 172,7 | 175,4 | 179,9 | 181,6 | 183,6 | 196,8 | 198,7 | 0,04 | 4967,5 |
Бохтар | 60 | 102,9 | 105,4 | 109,1 | 110,8 | 111,8 | 125,2 | 126,7 | 0,026 | 4873,1 |
Кӯлоб | 81,3 | 101,2 | 102,4 | 104,4 | 105,5 | 106,3 | 104,1 | 105,8 | 0,035 | 3022,9 |
Истаравшан | 47,6 | 59,9 | 61,2 | 63,5 | 64,6 | 65,5 | 63,3 | 64,3 | 0,018 | 3572 |
Турсунзода | - | 52,4 | 52,8 | 53,1 | 53,7 | 55,7 | 57,3 | 57,8 | 0,012 | 4816,7 |
Конибодом | 39,9 | 49,7 | 50,4 | 51,6 | 52,2 | 52,5 | 54,3 | 54,4 | 0,015 | 3626,7 |
Исфара | 35,4 | 46,9 | 47,8 | 49,7 | 50,7 | 51,7 | 54,1 | 54,9 | 0,015 | 3660 |
Гулистон | 43,9 | 43,4 | 45,1 | 47,1 | 48,2 | 49,2 | 49,9 | 50,2 | 0,003 | 5039 |
Ваҳдат | 46,7 | 42,2 | 42,4 | 42,5 | 42,8 | 43,2 | 53,5 | 54,4 | 0,014 | 3885,7 |
Панҷакент | 29,6 | 40,6 | 41,2 | 42,3 | 42,8 | 43,3 | 43,3 | 43,8 | 0,007 | 6257,1 |
Бӯстон | 36,9 | 32,5 | 31,8 | 32,1 | 33,2 | 34,0 | 33,8 | 35,0 | 0,011 | 3181,8 |
Хоруғ | 21,5 | 28,9 | 29,2 | 29,9 | 30,3 | 30,5 | 30,9 | 31,1 | ||
Норак | 21,1 | 28,1 | 29,1 | 30,4 | 30,9 | 31,4 | 28,1 | 28,8 | ||
Ҳисор | - | 26,9 | 27,4 | 27,9 | 28,7 | 29,1 | 31,7 | 32,1 | 0,01 | 3210 |
Истиқлол | 21,3 | 15,9 | 16,4 | 16,9 | 17,3 | 17,6 | 18,3 | 18,7 | 0,033 | 566,7 |
Левакант | 14,6 | 15,8 | 16,1 | 16,9 | 17,3 | 17,7 | 17,7 | 18,7 | ||
Роғун | 9,1 | 15,0 | 15,0 | 14,9 | 15,0 | 14,9 | 15,1 | 15,2 | 0,005 | 3040 |
Тоҷикистон дар миёни тамоми кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ сареътарин рушди шумораи миллатҳои унвондорро таҷриба мекунад. Саҳми тоҷикон дар соли 1959 — 53,1 % аҳолии Тоҷикистон, дар соли 1989 аллакай 62,3 % буд. Дар соли 2002 ба 79,9 % ва дар соли 2010 ба 84,3 % афзоиш ёфт.
Бар асоси барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010, ҷамъияти Тоҷикистон 7 565 000 нафар, то 1 октябри 2015 — 8 486 300 нафар буд. Шумораи мардон 3 813 000 нафар ва занон 3 752 000 нафар аст. Мувофиқи ин додаҳо ба ҳар 1 ҳазор мард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 984 нафар зан рост меояд. Бар асоси гузориши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 1 январи соли 2018 шумораи аҳолии ҷумҳурӣ 8 931 200 тан буд[25].
Аҳолиии Тоҷикистон муддатҳост, ки бо суръати зиёде дар ҳоли рушд аст: дар соли 1959 дар инҷо 1 981 000 нафар, дар соли 1989 — 5 109 000 нафар ва ба фарқ аз кишварҳои аврупоии ИДМ, дар соли 1989—1999 бо вуҷуди муҳоҷирати қобили таваҷҷуҳ аҳолӣ аз ҷумҳурӣ (437 ҳазор нафар дар 11 сол) ба рушд идома дод. Омили аслии рушди ҷамъият афзоиши табиъии зиёд аст. 23 июли 2022, расман эълом шуд, ки ҷамъияти Тоҷикистон ба 10 миллион нафар расидааст[31].
Тақсимоти тақрибии аҳолӣ бар асоси гурӯҳи синӣ дар ибтидои соли 2018 ба шумора (ҳазор тан)[25]:
- Аҳолии шаҳр:
- 1483,6 — зери сини кор (мардон: 772 / занон: 711,6);
- 134,3 — болои сини кор (мардон: 44,7 / занон: 89,6).
- Аҳолии русто:
- 2338,6 — зери сини кор (мардон: 1213,9 / занон: 1124,7);
- 353,5 — болои сини кор (мардон: 128,5 / занон: 225).
1989 | 1995 | 2000 | 2005 | 2010 | 2015 | 2020 | 2022 | |
---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Душанбе | 592,2 | 511,9 | 564 | 630 | 711,2 | 788,7 | 863,4 | 1201,8 |
Вилояти Суғд | 1554,2 | 1740,8 | 1871,9 | 2015,8 | 2197,9 | 2455,5 | 2707,3 | 2823,9 |
Вилояти Хатлон | 1697,4 | 1956 | 2145,2 | 2368,4 | 2618,3 | 2971,5 | 3348,3 | 3530,0 |
Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон | 160,9 | 188 | 206,2 | 206,8 | 204,8 | 214,3 | 228,9 | 230,1 |
Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ | 1087,9 | 1237,1 | 1341,2 | 1497,9 | 1685,2 | 1922 | 2165,9 | 2101,0 |
Ҷумҳурии Тоҷикистон | 5092,6 | 5633,8 | 6128,5 | 6718,9 | 7417,4 | 8352 | 9313,8 | 9886,8 |
Ҷараёни шаҳришавӣ (урбанизатсия), ки то соли 2000 дар сатҳи ҷумҳурӣ дар авҷ буд, мувофиқи ҷамъбасти пешакии Барӯйхатгирии аҳоли ва фонди манзили соли 2010 муътадил гашта, таносуби аҳолии шаҳру деҳот 27 дарсади аҳолии шаҳр ва 73 дарсади аҳолии деҳотро ташкил кард.
Тоҷикистон ҷумҳурии президентист[33].
Рамзҳои давлатӣ
Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои давлатии Тоҷикистон мебошанд[34].
- Парчам
- Нишон
Асосҳои сохтори конститутсионӣ
Бар пояи Конститутсия, ки қонуни асосии кишвар ба шумор меравад, Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, шакли идораи он президентӣ мебошад[35].
Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад[36].
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумӣ қабул карда шуда 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст[37].
Президент
Сарвари давлат ва ҳукумат Президенти Тоҷикистон аст[38]. Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол интихоб менамоянд. Президенти Тоҷикистон шахсе шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад[39].
Охирон Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 баргузор шуд. Дар натиҷа Президент Эмомалӣ Раҳмон барои давраи панҷӯм баъд аз дарёфти 90,92 % овозҳо ғолиб омад[40].
Рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ливо ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошанд.
Ливо ва Нишон рамзҳои расмии ҳокимияти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Ҳокимияти қонунгузор
Мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор Маҷлиси Олӣ мебошад, ки аз ду Маҷлис — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст[41].
Муҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар рӯзи оғози фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони даъвати нав қатъ мегардад.
Интихоботи Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад. Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб ва узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъйин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад[41].
Ҳокимияти иҷроия
Мақоми ҳокимияти иҷроияи давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад[42]. Ҳукумати ҷумҳурӣ аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст[43].
Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд[44]:
- Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомоти машваратию маслиҳатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳокимияти судӣ
Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд[45].
Низоми ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд[46].
Ҳизбҳои сиёсӣ
Тибқи Қонуни асосӣ дар Тоҷикистон зиндагии умумӣ бар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкураӣ дар ҳоли рушд буда, «мафкураи ҳеч як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад»[47]. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҳизбҳои сиёсии ҷумҳуриявӣ таъсис дода мешавад[48]. Ҳизби сиёсӣ барои сабтиноми давлатӣ, феҳристи ҳаддиақал ҳазор нафар аз тарафдорони худро, ки сокинони аксари шаҳрҳову ноҳияҳои Тоҷикистон ҳастанд, пешниҳод мекунад[48].
Дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсии расмӣ сабтином шудааст:
Артиши миллӣ
Артиши миллии Тоҷикистон, ҷамъи қувваҳои мусаллаҳи давлатии Тоҷикистон 23 феврали 1993 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи «Фронти халқӣ» ва гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки ҳукумати қонуниро тарафдорӣ мекарданд, бо мақсади ҳимояи кишвар таъсис шудааст[49].
- Ҳаҷми қарзи давлатии Тоҷикистон: Дар соли 2009 қарзи давлатӣ 1 миллиарду 691,3 миллион доллар буд, дар соли 2018 ҳаҷми он ба 2 миллиарду 873 миллион доллар расид.[50]. Ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон ба аввали семоҳаи дуюми соли 2022 каме бешар аз 3,3 млрд долларро ташкил дод. Таносуби қарзи хориҷӣ ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ ба мисли аввали соли 2022 — 37,7 % боқӣ мемонад.[51].
- Сандуқи байналмилалии пул (СБП) пешгӯӣ намудааст, ки ММД (маҷмаъи маҳсулоти дохилӣ) — и Тоҷикистон дар соли равон 5 дарсад ва дар соли 2020 4,5 дарсад рушд хоҳад кард, гуфта шудааст дар гузориши моҳи апрели иқтисоди ҷаҳонӣ «World Economic Outlook»[52].
- Пас аз натиҷаҳои соли гузашта, Тоҷикистон ҳаҷми қарзи хориҷии худро зиёд кард. Дар аввали моҳи январи соли 2021 ин рақам 3,2 миллиард доллар буд. Бояд қайд кард, ки ин 43,8 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ (ММД)-ро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, барои ҳар як шаҳрванди кишвар 339 доллар рост меояд.[53]
- Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода нишасти матбуотии солонаи вазорат фаъолияти Минтақаҳои озодии иқтисодии Тоҷикистонро баррась намуд. Гуфта шуд, ки то ҳоли ҳозир (январи соли 2021) ҳамагӣ 72 ширкатҳои саноатӣ номанвис шудаанд. 30 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», 25 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», 11 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ», 5 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ва 1 себъект дар МОИ-и навтаъсиси «Кулоб».[54]
- Мувофиқи маълумоти БМТ, давоми соли 2020 барориши кортҳои пардохтии бонкӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт: шумораи умумии кортҳои аз ҷониби бонкҳои ватанӣ баровардашуда то охири соли 2020 зиёда аз 3,2 миллион ададро ташкил дод. То ҳолати 31 декабри соли 2020 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ дар Тоҷикистон мутаносибан, ба 1281 ва 5710 адад расидааст. Шумораи банкоматҳо давоми соли 2020 ба миқдори 403 адад ва шумораи терминалҳои электронӣ — 362 адад зиёд шудааст.[55]
- Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, давоми солҳои 2007—2021 вуруди сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон зиёда аз 11 млрд долларро ташкил дод. Сармоягузориҳо танҳо аз Чин (3,3 млрд доллар), Русия (1,6 млрд доллар) ва Қазоқистон (586 млн доллар) ба 50 % аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои хориҷии дар ин давра ҷалбшуда баробар аст (чунин маълумот дар бораи дигар кишварҳои узви СҲШ дастрас нест).[56]
Саноат
Ҷанги шаҳрвандӣ (1992—1997) ба фаъолияти саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши манфӣ гузошт. Корхонаҳои саноатии Тоҷикистон аз соли 1996 инҷониб аксар зараровар ҳисоб мешаванд. Зеро, аз ин сол сар карда ба ҷумҳурӣ воридоти молҳои саноатии хориҷӣ хело афзуд. Дар натиҷа аз як тараф аксарияти корхонаҳои саноатӣ фаъолият намекарданд, аз тарафи дигар, он корхонаҳое, ки фаъолият менамоянд, маҳсулоташон бо молҳои ба ҷумҳурӣ ворид шудаи хориҷӣ рақобат карда наметавонанд. Корхонаҳои муштараки саноатии Тоҷикистон дар натиҷаи инвеститсияҳои хориҷӣ ба миён омада фаъолият (асосан соҳаи саноати сабук) мебаранд.
Дар соли 2011 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 952 корхонаи саноатӣ арзи вуҷуд мекард (аз байни онҳо 10,2 % кор намекарданд). Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаи саноатӣ дар 9 моҳи соли 2012 — $1,4 млрд ташкил мекард[57].
Мувофиқи ахбороти Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ чунин соҳаҳои асосии саноат арзи вуҷуд доранд:
- коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва металҳои нодир;
- истеҳсоли ангишт (дар кони ангишти Шӯроб, Фон-Яғноб (кокс) ва Назаргиёҳ (антрасит));
- истеҳсоли газ ва нафт (дар водии Вахш, Ҳисор, Хоҷа Сартез дар Кӯлоб ва вилояти Суғд);
- истеҳсоли металҳои ранга (арзиз, тило, нукра, сурб, цинк, висмут, ртуть, вольфрам, молибден);
- саноати сабук (асосан коркарди пахта ва хуроквори);
- саноати кимиё (Комбинати кимиёи Ёвон, Заводи азотбарории Вахш);
- саноати масолеҳи сохтумонӣ;
- саноати мошинасозӣ;
- саноати пилла.[58]
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 дар соҳаи саноат — 219 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 2942 ҷойи корӣ, аз ҷумла, дар вилояти Суғд — 59 бо 969 ҷойҳои кории нав, вилояти Хатлон — 57 корхона бо 678 ҷойҳои кории нав, ВМКБ — 3 корхона бо 87 ҷойҳои кории нав, шаҳри Душанбе — 60 корхона бо 812 ҷойҳои кории нав ва НТҶ — 40 корхона бо 386 ҷойҳои кории нав сохта ба истифода дода шуд. Аз шумораи умумии корхонаҳои нав: 38 — корхона ба соҳаи мошинсозӣ, 53 — корхона ба саноати сабук, 50 — корхона ба соҳаи масолеҳи сохтмон, 62 — корхона ба саноати хӯрокворӣ, 2 —корхона ба саноати маъдан, 1 — корхона ба саноати ангишт, 5 — корхона ба соҳаи табъу нашр ва 8 — корхона ба дигар соҳаҳо рост меояд.[59].
Бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ
Низоми молиявии мамлакатро Бонки миллии Тоҷикистон ба танзим медарорад. Дар ҷумҳурӣ 13 бонк ва ташкилотҳои қарзӣ аъзои Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон (АБТ) мебошанд:
- БДА ҶТ «Амонатбонк»;
- ҶСК «Ориёнбонк»;
- ҶСК «Агроинвестбонк»;
- ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»;
- «БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк»;
- ҶСК «Бонки Эсхата»;
- ҶСП «Фононбонк»;
- ҶСК «Соҳибкорбонк»;
- ҶСК «Accessbank Tajikistan»;
- ҶСП ТҚХ «ФИНКА»;
- ҶСП «Аввалин Бонки Молиявии хурд»;
- ҶДММ ТҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»
- ҶСП ТҚХА «Боварӣ ва ҳамкорӣ».[60]
Ҷанги шаҳрвандӣ (1992—1997) боиси харобии иқтисод ва баста шудани корхонаву муассисаҳои давлатӣ гардид. Корхонаҳои саноатии истеҳсолӣ ва диг. ширкатҳои хурду миёнаи хидматрасони асосан 10-15 % қавваи кории ҷумҳуриро бо кор таъмин мекунанд. Бинобар ин шумораи мардуми қобили кор ба сафи муҳоҷирони меҳнатӣ тахминан ба 1 000 000 нафар расидааст. Саҳми онҳо дар иқтисодиёт меафзояд.
Бар асоси гузоришҳои расмӣ, дар Русия ва кишварҳои дигари хориҷӣ беш аз як милюн муҳоҷири кории тоҷик фаъъолият мекунанд, ки ағлаби онҳо ҳамасола сармояи зарурӣ барои таъмини рӯзгори хонаводаҳоро ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд. Дар соли 2012 муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 3,6,млрд доллар пул (47 % ММД и ҷумҳурӣ) интиқол додаанд. Дар миёни кишварҳое, ки иқтисодашон ба маболиғи интиқолии муҳоҷирони корӣ вобаста аст, Тоҷикистон ҳамчунон болотарин ҷойгоҳро ба худ ихтисос медиҳад.[61]
Хоҷагии кишоварзӣ
Маҳсулоти асосии кишоварзӣ:
Дар Тоҷикистон ҳоло чунин Нерӯгоҳҳои барқии обӣ амал мекунанд:
Нерӯи асоси энергетикаи Тоҷикистонро Нерӯгоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мекунанд. Ҳаҷми умумии муайяншудаи иқтидори Нерӯгоҳҳои барқии обӣ — 4070 МВт аст.
Тоҷикистон дорои захираҳои ғании гидроэнергетикӣ мебошад. Ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ — 527 млрд кВт. соатро ташкил медиҳад. Аз рӯи ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол мекунад.
Дар Тоҷикистон ҳоло чунин Нерӯгоҳҳои барқии обӣ амал мекунанд:
- НБО Норак — бо иқтидори 3000 МВт;
- НБО Бойғозӣ — бо иқтидори 600 МВт;
- НБО Сангтӯда-1 — бо иқтидори 670 МВт;
- НБО Сангтӯда-2 — бо иқтидори 220 МВт;
- НБО Сарбанд — бо иқтидори 240 МВт;
- НБО Шаршара — бо иқтидори 29,9 МВт;
- НБО Марказӣ — бо иқтидори 15,1 МВт;
- НБО Қайроққум — бо иқтидори 126 МВт дар Сирдарё;
- Силсилаи НБО Варзоб (НБО Варзоб-1, Варзоб-2 ва Варзоб-3) — бо иқтидори умумии 25,7 МВт.;
- Нерӯгоҳи Хоруғ;
- Нерӯгоҳи барқи обии Роғун — 16 ноябри соли 2018 агрегати якуми НБО Роғун бо иқтидори 600 МВт ба кор даромад.
Ду сол боз (аз соли 2018) дар натиҷаи мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи олии Сарони ду давлат — Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкории энергетикҳои тоҷику ӯзбек боз барқарор гардид, ки ин барои ҳарду тараф манфиати хеле калонеро молик аст. Баъди зиёда аз 9 соли ҷудо будани низоми энергетикии Тоҷикистон аз Осиёи Марказӣ додугирифти неруи барқ байни ин ду ҷумҳурии ҳамсоя оғоз ёфт. Дар давраи Истиқлол иқтидори истеҳсолии соҳаи энергетика, бе назардошти НБО «Роғун», ба миқдори 1520 МВт зиёд шуд.[62]
8 декабри соли 2016 Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо иқтидори 300 МВт ва 167 Гкал гармӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Боз ду агрегат ба кор дароварда шуд[63].. Иқтидори умумии нерӯгоҳи когенераторӣ ба 400 МВт расид.
20 марти соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи "Барқарорсозии НБО «Норак» оғози расмӣ бахшиданд. Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳа НБО «Норак» таҷдид ва эътимодноктар гардида, иқтидори лоиҳавияш аз 3000 ба 3300 МВт бардошта хоҳад шуд.
23 августи соли 2019 ба татбиқи лоиҳаи "Таҷдиди НБО «Қайроққум» оғози расмӣ бахшида шуд. Баъди татбиқи лоиҳа тавоноии НБО "Қайроққум аз 126 мегаватт ба 176 мегаватт расонида мешавад.[64]
20 январи соли 2020 Оҷонсии иттилоотии Sputnik Бойгонӣ шудааст 8 Декабри 2019 сол. гузорише овардааст, ки Маҷлиси намояндагони Ҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи пеш пазируфт (соли 2020), аз моддаи 9-и Қонун «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ», калимаҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» хориҷ карда шуданд. Моддаи 9-и қонуни мазкур дар бораи объектҳоест, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва дар он таъкид шудаст, «амволи нерӯгоҳи барқи обии „Норак“, нерӯгоҳи барқи обии „Роғун“ ва корхонаи воҳиди давлатии „Ширкати Алюминийи Тоҷик“ хусусӣ гардонида намешаванд».[65]
Дар соли 2020 дар Тоҷикистон ба ҳисоби умумӣ 19 миллиард 770,5 миллион кВт⋅соат нерӯи барқ истеҳсол карда шудааст. Тоҷикистон дар соли 2020 зиеда аз 1,5 миллиард кВт⋅соат нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя содирот кардааст. Аз рӯи маълумотҳо ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 1 миллиард 528,4 миллион кВт⋅соат қувваи барқ ба маблағи зиеда аз 56,4 миллион доллар содирот намудааст.[66]
Лоиҳаи минтақавии «CASA-1000»
12 майи соли 2016 ифтитоҳи лоиҳаи сохтмони хати баландшиддати барқии «CASA-1000» (ЛЭП — 1000 кВт) баргузор гардид. «CASA-1000» интиқоли барқи Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба Афғонистону Покистон таъмин мекунад[67].
Дар солҳои истиқлол дар Тоҷикистон таъмиру азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе — Хуҷанд — Чанак (сарҳади Ӯзбекистон), ки 411 км дарозӣ дорад бо ёрдами давлати Чин соли 2006 амалӣ гардид. Роҳи мошингард тамоми сол пойтахти мамлакат Душанберо бо ноҳияҳои Тоҷикистони Шимолӣ мепайвандад.
18 октябри соли 2015 — дар ноҳияи Айнӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакентро ифтитоҳ намуд. Роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакент 112,6 километрро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ моҳи октябри соли 2012 оғоз гардида, моҳи октябри соли 2015 ба охир расид. Навсозии роҳ бо маблағи 115 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ иҷро карда шудааст.[68]
Сохтмони роҳи мошингарди Исфара-Конибодом — Ҷаббор Расулов соли 2016 дар вилояти Суғд оғоз шуда буд. Анҷоми корҳои таҷдиду барқарорсозии роҳ ду сол муайян шуда буд ва соли 2019 ӣа истифода супорида шуд.[69]
Дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан бошад дастоварди назаррас 24 августи соли 2016 расман мавриди баҳрабардорӣ қарор додани роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлобро гардид. Ин роҳи оҳан шаҳри Душанберо бо Вилояти Хатлон пайваст мекунад. Сохтмони хати роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб, ки аҳамияти минтақавию байналмилалӣ дорад, ҳанӯз моҳи марти соли 2009 шурӯъ шуда буд. Масофаи умумии он дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон 41 км буда, дар ин масир 3 нақб ва 8 адад пули калону миёна сохта шудааст.[70]
Боз нигаред
Расман оғози таърихи матбуоти тоҷик ба нашри аввалин шумораи «Бухорои шариф» дар 11 марти соли 1912 нисбат дода мешавад. Биноба он ҳар сол дар 11-уми март Рӯзи матбуот ҷашн гирифта мешавад. Вале пажӯҳишгарон тазкира ва осори насри қадимии тоҷикиро зинаи аввали журналистикаи тоҷик мешумуранд. Чунончӣ, муаллифони китоби «Таърихи матбуоти тоҷик» И. Усмонов ва Д. Давронов корбурди жанрҳои хабар, гузориш, мусоҳиба ва ғайраро дар солнома ва таърихнигориҳои садаҳои 10 то 15 тазаккур медиҳанд. Дар нимаҳои дуввуми садаи XIX ва оғози садаи XX бархе аз нашрияҳо чоп шудаанд, ки матолиберо ба тоҷикӣ нашр кардаанд. Дар давраи шӯравӣ матбуот зери назорати шадиди давлат қарор дошт, вале дар ин давра низ аз талошҳои озодбаёнӣ дар бархе аз онҳо ба мушоҳида расидааст. Ибтидои солҳои 90-уми садаи 20 давраи шукуфоии матбуоти озоди Тоҷикистон шуморида мешавад, ки ба нашрияҳое монанди «Чароғи рӯз», «Растохез», «Сухан», «Адолат» ва монанди инҳо нисбат дода мешавад. Дар солҳои Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон 1992 то 1997 даҳҳо рӯзноманигори тоҷик кушта ва аксари журналистони боҳунар кишварро тарк кардаанд. Ҳоло матбуоти мустақили Тоҷикистон аз нав ҷон мегирад ва чанд нашрия, хабаргузорӣ, радио ва телевизионҳои мустақил талош доранд, бо истифода аз озодии матбуот рисолати худро амалӣ кунанд.
Дар Тоҷикистон 4 нашрияҳои давлатӣ: «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета» ба забони русӣ ва « Халқ овозӣ» ба забони узбекӣ нашр мешаванд. Инчунин, нашрияҳои ғайридавлатӣ; Ҳафтаномаи «Тоҷикистон», Ҳафтаномаи «Миллат», Ҳафтаномаи «СССР» , Ҳафтаномаи «Азия-плюс» ва диг. ба забонҳои гуногун нашр мешаванд.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ» дар вазорат 376 рӯзнома, аз инҳо 112 адад давлатӣ ва 264 адад мустақил , 245 маҷалла, аз инҳо 114-тояш давлатӣ ва 131 адад мустақил, 319 матбаа- 37 давлатӣ ва 282 мустақил, 48 нуқтаи фурӯши китоб- 3 давлатӣ ва 45 мустақил, 71 нашриёт, аз инҳо 10 давлатӣ ва 61 мустақил, 11 агентии иттилоотӣ, аз инҳо 1 давлатӣ ва 10 мустақил ба қайд гирифта шудаанд. Ин маълумот то 25 декабри соли 2021 ба ҳисоб гирифта шудааст.[71]
Ба воситаи спутники ABS-1 (75.0°E) шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон — Телевизиони Тоҷикистон (Шабакаи 1), ТВ Ҷаҳоннамо, ТВ Баҳористон, ТВ Сафина, Варзиш ТВ, ТВ Футбол (Тоҷикистон), ТВ Синамо, ТВ Шаҳнавоз, ТВ Илм ва табиат намоишҳои хешро омодаи тамошобинон мекунанд. Инчунин, Ширкатҳои телевизионии давлатии умумиҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ (Тоҷикистон) фаъолият карда истодаанд.
Аз рӯи раддабандӣ (соли 2018) аз ҳама нашрияи серхонандатарин нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (34 %) мебошад. Сипас, бо фосилаи камтар нашрияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон «Омӯзгор» (23,8 %) ва нашрияи марказии ҲХДТ рӯзномаи «Минбари халқ» (22,2 %) ҷойгир шудаанд.
Тадқиқоте, ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» гузаронида шуд, ба ин натиҷа расидааст.[72]
Омори мазкур имрӯз зимни муаррифии Ҳисоботи тадқиқотии «Муайян намудани афзалиятҳои медиавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ТВ, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо», ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, зикр гардид. Раддабандии маҷаллаҳо ба раддабандии рӯзномаҳо монанд аст, яъне дар қатори аввал маҷаллаҳои давлатӣ қарор доранд. Аз ҳама теъдоди зиёди нашрро маҷаллаи занон — «Бонувони Тоҷикистон» (44,9 %) дорад. Маҷаллаи дуюми маъруф маҷаллаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дин ва ҷомеа» (10,4 %) ва дар ҷойи сеюм маҷаллаи Вазорати фарҳанг бо номи «Фирӯза» (5,2 %) меистанд.
Тамошобинони тоҷик аз ҳама бештар шабакаи телевизионии Сафинаро тамошо мекунанд. Инро 60,1%-и пурсидашудагон дар тадқиқоте, ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» гузаронида шуд, тасдиқ кардаанд. Ин омор имрӯз зимни муаррифии Ҳисоботи тадқиқотии «Муайян намудани афзалиятҳои медиавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ТВ, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо», ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, зикр гардид.
Аз рӯи натиҷаҳои тадқиқот, дар ҷойи дуюм шабакаи телевизионии Телевизиони Тоҷикистон (Шабакаи якум), бо 50,1 % ва дар ҷойи сеюм ТВ Баҳористон бо 30,5 % қарор гирифтаанд.
Пас аз шабакаҳои телевизионии ватанӣ дар ҷои аввал шабакаҳои телевизионии Россия меистанд, ки дар ҷадвали афзалиятҳо 18,3%-ро ишғол менамоянд. Бояд зикр намуд, ки шабакаҳои телевизионии Россия на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми фазои пасошӯравӣ рейтинги баланд ишғол мекунанд. Пас аз Россия бо 9,7 % шабакаҳои телевизионии ӯзбекӣ қарор гирифтаанд.
Тибқи тадқиқоти ин марказ, дар миёни радиоҳои маҳбубтарин радиои Радиои «Садои Душанбе» (28 %) мавқеи аввалро касб карда, дар ҷойи дуюм Радиои Тоҷикистон (17,4 %) ва дар ҷойи сеюм Радиои фарҳанг (5,3 %) қарор гирифтаанд. Шумораи шабакаҳои гирифтани иттилоот, ғайр аз ВАО-и анъанавӣ рӯз аз рӯз меафзояд. Дар ҷойи аввал ТВ ватанӣ (57,2 %), дар ҷойи дуюм интернет (11,5 %) қарор дорад. 38,4 фоизи пурсидашудагон аз интернет истифода мебаранд. Интернетро аз ҳама бештар сокинони ВМКБ-60,6 фоиз истифода мебаранд. Ин нишондиҳанда дар миёни сокинони Душанбе 56,3 фоизро ташкил дод.[73].
Дар солҳои истиқлол таъсис ва рушди Оҷонсиҳои Иттилоотии Тоҷикистон ба назар мерасад. Имрӯз дар ҷумҳури 8 Оҷонсиҳои Иттилоотӣ амал карда истодаанд: