From Wikipedia, the free encyclopedia
Уолтер Ги́лберт (англ. Walter Gilbert; зод. 21 март 1932[1][2][3], Бустун) — физикдон, зистшимидон ва зистшиноси амрикоӣ.
англ. Walter Gilbert | |
Таърихи таваллуд | 21 март 1932[1][2][3] (92 сол) |
Зодгоҳ | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | зистшимӣ ва физик |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори фалсафа[d] |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Абдуссалом |
Ҷоизаҳо |
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Баъди хатми донишгоҳҳои Ҳарвард ва Кембриҷ дар Донишгоҳи Ҳарвард кор кардааст. Бо роҳбарии Абдуссалом унвони докториро гирифта, формулаҳои математикиеро ҳосил намуд, ки ба пешгӯии пароканиши зарраҳои бунёдӣ имкон медиҳанд. Гилберт якҷо бо А. Мексем усули нави муайян кардани пайдарпайии сафеда ва кислотаҳои нуклеин (КДН-кислотаи дезоксирибонуклеат, КРН — кислотаи рибонуклеат)-ро таҳия намудааст. Бо ҳамроҳии Ф. Сенгер ва П. Берг барои таҳқиқи кислотаҳои нуклеат сазовори мукофоти Нобел дар соҳаи кимиё гардидааст (1980). Гилберт бори нахуст мафҳуми фарзияи «олами КДН»-ро дар бораи пайдоиши ҳаёт (ки онро К. Вёзе пешгӯӣ карда буд), пешниҳод намуд
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.