Шероз
From Wikipedia, the free encyclopedia
Шероз (порсӣ: شیراز ) — шаҳр дар ҷануби Эрон ҷой гирифта, маркази маъмурии Устони Форс мебошад. Аз ҷиҳати аҳолӣ, дар ҷойи 6-ум дар байни шаҳрҳои Эрон қарор дорад, ва аҳолиаш ба ҳисоби соли 2011 1 460 665 нафар расидааст. Шероз дар водии дарёи Хушк дар кӯҳсори Загрос дар баландии зиёда аз 1500 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Дар қисми ғарбии шаҳр кӯҳи Дерак, дар қисми шимолиаш бошад кӯҳҳои Баму, Сабзпушон, Чехел Магам ва Бобокӯҳӣ қарор гирифтаанд. Шаҳр ва гирду атрофи он, аз рӯи тақсимоти маъмурӣ ба 9 ноҳия тақсим мешавад. Масоҳати умумиашон 1286 км²-ро ташкил медиҳад.
Шаҳр | |
форсӣ: شیراز | |
29°36′00″ с. ш. 52°31′00″ в. д.HGЯO | |
Кишвар | Эрон |
[[устон]] | [[устони Форс]] |
[[шаҳристон]] | [[шаҳристони Шероз]] |
Роҳбар | Haidar Eskandarpour[d] |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таъсис | 2000 сол пеш аз милод |
Аввалин номбарӣ | ҳазорсолаи 2 то м. |
Номҳои пешина | Тиразис |
Масоҳат | 340 км² |
Баландии марказ | 1 500 м |
Минтақаи замонӣ | UTC+3:30 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1 460 665 тан (2011) |
Зичӣ | 4296 тан/км² |
Агломератсия | 1 700 687 |
Миллият | форсҳо, озарбойҷонҳо ва диг. |
Эътиқодот | мусалмонон |
Номи қавмӣ | шерозиҳо |
Забони расмӣ | порсӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +98 711 |
eshiraz.ir (форсӣ)(англ.) |
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Бори нахуст, дар дастхатҳои хаттии таърихӣ, шаҳри Шероз ҳамчун (Тиразис) ёдовард шудааст, ки ин ба аввали ҳазораи дувуми пеш аз милод рост меояд. 60 км дуртар аз Шероз, харобаҳои пойтахти бостонии давлати Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён — Пересепол. Шероз дар солҳои 1750—1794 пойтахти Эрон дар вақти ҳукмронии Саффориён Буиҳо ва Зандҳо ба шумор мерафт.
Шероз ҳамчун шаҳри шоирон, гул ва май машҳӯр аст. Чунин шоирони барҷаста: Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон дар ҳамин шаҳр ба дунё омадаанд. То инқилоби соли 1979 — маркази бузурги истеҳсоли май буд. Айни замон — маркази коркарди нафт ва маҳсулоти электронӣ мебошад, ин чунин, сайёҳӣ (туризмъ. Шероз бо иқлими фурӯтанӣ ва бо фаровонии кӯчаҳои кабудизор карда машҳӯр аст.