Сайфулло Абдуллоев
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Сайфулло Абдуллоев (1899, Хоруғ — 1938) — ходими ҳизбию давлатии Тоҷикистон. Аз муборизони барқарор кардани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон.
Remove ads
Зиндагинома
Солҳои 1912—1915 дар мактаби русии маҳаллии шаҳри Хоруғ таҳсил кардааст. Солҳои 1916—1918 дар хидмати армияи подшоҳӣ дар Помир буд. Баъди ғалабаи Ҳокимияти Советӣ дар Помир солҳои 1918 — 26 аввал дар сафи отрядҳои револютсионӣ узви комиссияи фавқулода оид ба муборизаи зидди ҳаракати аксулинқилобӣ, ҳаннотӣ ва балвогарӣ, баъд раиси Комитети револютсионии ВМКБ, 1926—1928 мудири шуъбаи тарғиб ва ташвиқи Бюрои ташкилоти ПК (б) ӯзб. дар РАСС Тоҷикистон, прокурори ВМКБ буд. Соли 1928 ВКП (б) Абдуллоев дар вазифаи ҳизбӣ (ҳизби коммунист) ба корхонаҳои саноатии Урал фиристод. Солҳои 1929—1936 котиби масъули Комитети ҳизбии округи Ҳисор, мудири шуъбаи кадрҳои КМ ПК (б) Тоҷикистон, комиссари халқии зироати республика, котиби КМ ПК (б) Тоҷикистон, раиси Комиссияи Марказии назорат ва комиссари Инспексияи коргару деҳқон, 1936—1937 котиби дуюми КМ ПК (б) Тоҷикистон Борҳо аъзои КИМ-и ҶШС Тоҷикистон интихоб гардидааст[1]. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст.
Remove ads
Эзоҳ
Адабиёт
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads