Азиз Афзалзода

From Wikipedia, the free encyclopedia

Remove ads

Азиз Афзалзода — шоир, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2012), «Аълочии маорифи Тоҷикистон».

Quick facts Азиз Афзалзода, Таърихи таваллуд: ...
Remove ads

Зиндагинома

Азиз Афзалзода 15 январи соли 1937 дар деҳаи Пуштаи Зардолуҳои Сари Хосори ноҳияи Балҷувон ба ҷаҳон омадааст. Соли 1951 баъди хатми мактаби ҳафтсолаи деҳа, муҳассили Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб шуда, соли 1955 ба итмом расондааст. Соле дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 31 ноҳияи Фархор кор кардааст. Баъдан, соли 1956 шомили факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб шуда, соли 1961 хатм кардааст. Солҳои 1961—1966 ҷонишинии директори мактаб будааст. Солҳои 1966—1968 ҷонишини раиси колхоз ва ҳамзамон, котиби якуми Кумитаи Ҳизби коммунистии хоҷагии ба номи В. И. Ленини ноҳияи Восеъ, солҳои 1968—1970 нозир, 1970—1983 мудири маорифи ноҳияи Восеъ ва ноҳияи Фархор будааст. Аз апрели соли 1983 нафақагир аст.

Remove ads

Эҷодиёт

Ба кори эҷодӣ аз солҳои 80-уми асри гузашта иштиғол варзидааст. Маҷмӯаҳои ашъораш «Як шаб биё» (1986), «Марди Сомон» (1988), «Нолаи дил» (2002), «Мешиносам паймонаҳои ту» (2010), «Нигоҳи дил» (2011), «Садои дил» (2013) ва асарҳои насрияш «Раис Афзалӣ» (2009), «Калиди бахт» (2012), «Сарнавишт» (2013), дастраси хонандагон гардидаанд.

Ҷоизаҳо

Эзоҳ

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads