Аломатҳои астрономӣ

From Wikipedia, the free encyclopedia

Remove ads

Аломатҳои астрономӣ — ишораҳои шартии Офтоб, Моҳ, сайёраҳо ва дигар ҷирмҳои осмонӣ, инчунин бурҷҳои дувоздаҳгона, шакли сайёраҳо, авзои Моҳ ва ғайра, ки дар адабиёти доир ба астрономия ва тақвимҳо ба сифати сурати рамзӣ истифода мешаванд. Аксари аломатҳои астраномӣ дар давраҳои қадим ба вуҷуд омадаанд. Дар асарҳои астрономии олимони тоҷики асрҳои миёна ду намуди ишораҳо вомехӯранд: аломатҳо ва ҳарфҳои алифбои арабӣ. Абурайҳони Берунӣ (973—1048) дар «Китоб-ут-тафҳим ли авоили саноат-ит-танҷим» («Китоб доир ба фаҳмондани аввали санъати илми нуҷум») барои ишораи Офтоб, Моҳ ва сайёраҳо аломатҳои зеринро истифода кардааст:

Аҳмади Дониш (1826—1897) дар «Манозир ул-кавокиб» («Манзараи ситораҳо») барои ишораи Офтоб, Моҳ, сайёраҳо, бурҷҳои дувоздаҳгона ва ҳодисаҳои астрономӣ як ё ду ҳарфи охирини он истилоҳро истифода кардааст.

Аломатҳои ситораву сайёраҳо:

  • Шамс — ﺱ
  • Қамар — ﺭ
  • Миррих — ﺥ
  • Аторуд — ﺩ
  • Муштарӣ — ﻯ
  • Зӯҳра — ﻩ
  • Зуҳал — ﻝ

Аломатҳои ҳодисаҳои астрономӣ:

  • қирон — ﻥ
  • эҳтироқ — ﻕ
  • тасдис — ﺱ ﺩ
  • таслис -ﺙ
  • тарбиъ — ﻉ
  • таҳвил — ﻞﻳ
  • муқобала — ﻪﻟ
  • меҳтариқа — ﻪﻗ
  • явм — ﻡ
  • лайл — ﻝ
  • найира — ﻩ
  • рос — ﺲ ﺍ
  • занаб — ﺐ ﻧ
  • истиқомат — ﺖ ﻤ
  • руҷъат — ﺖ ﻋ
  • шараф — ﻒ
  • танозири явмӣ — ﻢ ﻆ
  • танозири матлаӣ — ﻡ ﻃ
  • ҳубут — ﻄ
Remove ads

Стандарти умумиҷаҳонии Юникод

Аз соли 1991 барои ишораи аломатҳо стандарти умумиҷаҳонии Юникод (англис Unicode) қабул карда шудааст. Истифодаи ин стандарт имкон медиҳад, ки аломатҳои гуногуни алифбоҳо ба рамзҳо баргардон шуда, дар тамоми ҷаҳон як хел истифода шаванд. Ҳоло тибқи Юникод Аломатҳои астраномӣ. чунин ишора карда мешаванд.

More information Ном, Аломат ...
Remove ads

Аломатҳои Моҳ

More information Ном, Аломат ...
Remove ads

Аломатҳои сайёраҳо

More information Ном, Аломат ...


Эзоҳ

Сарчашма

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads