Ампер
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Ампер — воҳиди қувваи ҷараёни электрикӣ дар Системаи байналхалқии воҳидҳо (СИ). Бо А ишорат мешавад. Ба шарафи физики франсавӣ Андре Ампер гузошта шудааст (1881).
Ампер қувваи ҷараёни доимиест, ки аз ду ноқили рости мувозии буриши мудаввараш хурд, ки дар вакуум аз якдигар дар масофаи 1 м воқеъгардида, ҷорӣ мешавад ва дар байни онҳо ба ҳар 1 м дарозӣ қувваи 2•10–7Н ба вуҷуд меоварад. Қимати мутлақи ампер дар Системаи воҳидҳои электростатистикии мутлақ (СГСЭ) ба 3•109 ва дар Системаи воҳидҳои электромагнитии мутлақ (СГСМ) ба 0,1 воҳиди ҷараён баробар мебошад.
Remove ads
Эзоҳ
Сарчашма
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads