Англезит
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Англези́т (англ. Anglesit) зоки сурб — минерал, формулаи химиявиаш PbSO4; миқдори PbO – 73,6 %.
Системаи кристаллбандиаш ромбӣ, кристаллҳояш ба шакли дипирамида, ҷадвал ва қаламча. Бештар ба намуди массаҳои зичи дона-дона ё хока вомехӯрад. Рангаш сафед, тобишҳояш хокистарӣ, зард, сабз, кабуд ва ғ. Сахтиаш 2,5 – 3; зичиаш 6100 – 6400 кг/м3; алмосҷило. Дар қисми болоии конҳои сурб дар натиҷаи оксидшавии галенит (PbS) пайдо мешавад. Дар конҳои полиметаллии Қаромазори Тоҷикистон бис- ёр вомехӯрад. Аз анзелит сурб ҳосил мекунанд.
Remove ads
Эзоҳ
Сарчашма
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads