Антенна

асбоб барои қабули радиомавҷҳо From Wikipedia, the free encyclopedia

Антенна
Remove ads

Анте́нна (лотинӣ antenna — мӯйлаби ҳашарот, мавҷгир) — таҷҳизотест (одатан якҷоя бо радиоирсолкунанда ё радиоқабулкунанда) барои афканиш ва (ё) қабули радиомавҷҳо.

Thumb
Антеннаи телевизионии хонагӣ

Антенна тағйирдиҳандаи ҷараёни электрикии ҳудуди радиобасомад ба афканишоти электромагнитӣ ва баръакс мебошад. Шакл, андоза ва сохти антеннаҳо гуногун буда, ба дарозии мавҷҳои ирсолкунандаю қабулкунанда ва таъйиноти антенна вобаста аст. Антенна дар шакли порчаи сими металлӣ, инчунин порчаҳои ба ҳам пайвастшуда, карнайҳои металлӣ, оинаҳои металии инъикоскунандаи сохташон гуногун, мавҷбарҳо бо девораҳои металлӣ, ки дар онҳо сӯрохиҳо бурида шудаанд, истифода мегарданд. Ҳар як Антенна ҳамчун афзори хаттии ғайрифаъол бо реҷаи ирсол кардан ва қабули мавҷ кор карда метавонад. Дар ҳар ду реҷа Антенна бо хусусиятҳои самтгирӣ, қутбнокӣ, фазавӣ ва импеданси даромад (муқовимати электрикие, ки системаи акустикӣ барои қувватдиҳанда пешниҳод мекунад) тавсиф дода мешавад.

Remove ads

Адабиёт

  • Пистолькорс А. А. Антенны. — Москва: Связьиздат, 1947.
Remove ads
Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads