Аппалачӣ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Аппалачӣ (Appalachian Mountains), системаи кӯҳҳо дар Шарқ Америкаи Шимолӣ, дар ҳудуди ИМА ва Канада. Аз самти ҷанубу ғарбӣ ба шимол шарқӣ 2600 км (аз 49° то 33° садаи ш.) тӯл кашидааст. Қаторкӯҳҳои асосиаш: Кабуд, Сафед (Уайт Маунтинс), Сиёҳ (Блэк-Маунтинс), инчунин Адирондак, Нотр-Дам, Юнака ва паҳнкӯҳҳои Аппалачӣ. Баландии миёнаи қаторкӯҳҳои Аппалачӣ 1300 – 1600 м (баландтаринаш қ-и Митчелл – 2037 м).
Remove ads
Таърих
Аппалачӣ дар давраи палеозой шакл гирифта, дар давраи кайнозой таҳаввул кардааст. Қисми шимолиаш гирифтори яхбандӣ шуда, ҷанубиаш бо иқлими нарму намнокаш бетағйир мондааст, ки мӯҷиби боқӣ мондани бешазорони анбӯҳ (аз ҷиҳати намуди дарахтон ва ҳайвонот ғанӣ) гаштааст. Аппалачиро ба Аппалачии Шимолӣ (якҷоя бо кӯҳҳои Ниюфаундленд) ва Аппалачии Ҷанубӣ (пастиҳои дарёҳои Гудзон ва Мохокро дар бар мегирад) ҷудо мекунанд. Самти ҷанубу шарқӣ ва шимолӣ аз ҷинсҳои кристаллии палеозой (гнейсҳо, варақсангҳои кристаллӣ, кварсит), ҷанубӣ ғарбиаш аз оҳаксангу регсанг таркиб ёфтааст. Ғорҳо ва чуқуриҳои қифшакли карстӣ бисёр вомехӯранд (ғори Мамонт дар штати Кентуккӣ).
Remove ads
Иқлими Апполачӣ
Иқлими Аппалачӣ аз таъсири Уқёнуси Атлантик нарм аст, дар шимол – мӯътадил, дар ҷануб – субтропикӣ. Ҳарорати миёнаи январ аз – 12°С дар шимол то 8°С дар ҷануб, июл – мувофиқан аз 18°С то 26°С аст. Боришоти солона 1000 – 1300 мм. Зимистони кӯҳҳо сард ва сербарф, тобистон – сернам ва сербориш. Аппалачиро бешаҳои паҳнбарг, омехта ва сӯзанбарг пӯшондаанд. Набототи табиию аслии Аппалачӣ танҳо дар нишебиҳои дастнораси кӯҳҳо маҳфуз мондаанд. Боқимонда макони бешаҳои навбунёд, чарогоҳҳо, заминҳои кишт (дар водиҳо) ва маҳалҳои истиқоматию шаҳрҳо мебошанд.
Remove ads
Туризм дар Аппалачӣ
Ба шарофати хуб ба роҳ монда шудани корҳои бешабарқароркунӣ Аппалачӣ минтақаи муҳими хоҷагии ҷангал ҳисоб меёбад. Аппалачӣ инчунин минтақаи туризм, лижаронӣ ва намудҳои обии варзиш аст. Паркҳои миллии Шенандоа, Грейт-Смоки – Маунтинс ва махсусан «пайроҳаи Аппалачи», ки қад-қади қуллаҳо аз кӯҳи Киттатинни то кӯҳи Спрингер ба масофаи 3400 км тӯл мекашад, ҷолиби диққати сайёҳон аст. Дарёҳои калонтаринаш: Коннектикут, Гудзон, Теннессӣ, Огайо, Мохок (бо водиҳои бузурги тектоникӣ). Сарватҳои зеризаминии Аппалачӣ: ангиштсанг, нефт, гази сӯзанда, маъдани оҳан, руҳ, нуқра ва ғайра.
Эзоҳ
Сарчашма
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads