Ардашери I

From Wikipedia, the free encyclopedia

Ардашери I
Remove ads

Ардашери I (порсии бостон: 𐎠𐎼𐎫𐎧𐏁𐏂𐎠; асри V то м.декабри 424 то м.[1], Шӯш[d], Устони Хӯзистон) — подшоҳи Ҳахоманишӣ (465—424 пеш аз мелод), писари севуми Хашоёршо, ки пас аз кушта шудани бародару падараш бар тахти подшоҳӣ нишаст.

Quick facts Шоҳи бузург, Пешгузашта ...
Remove ads

Ҳукмронӣ

Ардашери I солҳои 464—424 то мелод ҳукмронӣ кардааст. Баъд аз кушта шудани падараш Хашиёршо бар тахт нишаст. Дар солҳои аввали ҳукмронии ӯ бародараш Виштосп, ки дар Бохтар даъвои салтанат мекард, дар ду ҷанг мағлуб гардид. Соли 462 то мелод Инбарус ном шахс дар Миср, ки аз ҷониби юнониҳо дастгирӣ меёфт, шӯриш бардошт. Бо фармони Ардашери I ҳокими Сурия бар зидди балвогарон лашкар кашид. Дар набардҳои байни с-ҳои 460—454 то мелод аввал муваффақият бар ҷониби лашкари муттаҳидаи мисриҳо ва юнониён буд, лекин пас аз хушкондани яке аз шохобҳои рӯди Нил артиши Ҳахоманишиён пирӯз гардид. Дар соли 449 то мелод байни Ҳахоманишиён ва Юнон аҳднома баста шуд, ки бо номи муоҳидаи Саймун маъруф аст. Тибқи ин аҳднома юнониҳои Осиёи Хурд дар умури дохилии худ мухторияти комил ба даст дароварданд ва киштиҳои тиҷоратии Ҳахоманишиён метавонистанд ба бандарҳои юнониён озодона рафтуомад кунанд. Ҷазираи Қибрис (Кипр) ҷузви шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён шинохта шуд. Дар замони ҳукмр. Ардашери I ҳокими Сурия ду бор бар зидди ҳукумати марказӣ исён кард, аммо саркӯб гардид.

Remove ads

Эзоҳ

Адабиёт

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads