Арча

From Wikipedia, the free encyclopedia

Арча
Remove ads

Бурс (лот. Juníperus) — дарахт ё буттаест ҳамешасабз, ки ба забони тоҷикӣ: авирс, вурс, ҳуварс, урс, абҳал ва ба забони шуғнӣ амбах̆ц : амбех̆ц низ номида мешавад, ки ҳама аз як реша рӯидаанд ва он haprθa < *ha(m)pr̥si- дар забони эронии бостон аст.

Quick facts Бурс, Табақабандии илмӣ ...
Remove ads

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

Баргҳояш сӯзаншакл, нештармонанд ва пулакчасон (рӯ ба рӯи якдигар ё гирдогирд ҷойгир шудаанд). Мевааш чалғӯза буда, бо пулакчаҳо (1 — 10 тухм дорад) пӯшида шудааст.

Дар Тоҷикистон

Дар кӯҳҳои Тоҷикистон (1200 — 3700 м аз с. б.) 4 намуди бурс — маҳинбурс, паттаарча, сарварча ва хорбурс месабзад.

Маҳинбурс (Juniperus seravschanica) то 10 — 13 м қад мекашад. Баргаш пулакчамонанд, чалғӯзааш калон, бунафши тира ё сиёҳ, 2 — 8 дона тухм дорад. Дар нишебии қаторкӯҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Вахш, Пётри I, Боботоғ, Ғозималик ва Сарсарак (800—2500 м аз с. б.) мерӯяд. Аз навдаи сабзи маҳинбурс равғани эфир мегиранд, ки он дар атриёту собунпазӣ, саноати шаробкашӣ, барои дармони захм (чун гандзудо) ва дар пажӯҳишҳои микроскопӣ бо номи «равғани бурс» ба кор меравад. Барг, пӯстлох ва меваи хоми маҳинбурс моддаҳои даббоғӣ доранд. Аз чӯби маҳинбурс қалам месозанд. Маҳинбурс нисбат ба дигар намудҳои бурс дар поёнтари кӯҳҳо мерӯяд. Бинобар ин онро бисёр буридаанд ва дар аксар ҷойҳо хеле кам мондааст.

Паттаарча (Juniperus sibirica) мисли бутта буда, баргаш хор дорад; навдааш ғафс, сеқирра, чалғӯзааш сиёҳ, 2 — 3 дона тухм дорад. Дар кӯҳҳои Тоҷикистон асосан дар нишебиҳои санглох (дар баландии 2500 — 3700 м аз с. б.) дучор мешавад. Дар баъзе мавзеъҳои Помиру Олой (мас., дар Ванҷ ва дар қисми шарқии қ-кӯҳи Пётри I) буттазори анбӯҳ ҳосил мекунад. Паттаарча ба сармо тоб меоварад.

Сарварча (Juniperus semiglobosa) то 10 — 18 м қад мекашад, шохчаҳояш чун химчаҳои маҷнунбед овезон мебошанд, баргаш сӯзаншакл (дар дарахтони 5 — 10-сола) ва пулакчамонанд (дар дарахтони пир), чалғӯзааш сиёҳи кабудтоб, 2 — 3 дона тухм дорад. Дар Помиру Олой, Тиёншони Ғарбӣ ва Марказӣ паҳн шудааст. Сарварча дар аксари ноҳияҳои Тоҷикистон (аз қ-кӯҳҳои Қурама то кӯҳҳои Помири Ғарбӣ; дар баландии 2000—2500 м аз с. б.) мерӯяд. Чӯбаш хушбӯй, сурхчатоби зифтдор аст.

Хорбурс, балхарча (Juniperus turkestanika) то 10 — 18 м қад мекашад; баргаш лӯлашакл, навдааш чорқирра, чалғӯзааш сиёҳи байзашакл, як дона тухм дорад. Дар қ-кӯҳҳои Осиёи Миёна, Тиёншон ва Помиру Олой паҳн шудааст. Дар Тоҷикистон дар нишебиҳои қ-кӯҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Қаротегин, Пётри I (2000 — 3700 м аз с. б.) мерӯяд. Дар баландиҳои зиёда аз 2800 — 3700 м шоху навдааш ба рӯи замин паҳн мегардад. Чӯби хорбурс хушбӯй ва хушнамуд аст.

Бурсзорҳо дар кишоварзӣ аҳамияти калон дошта, хокро аз фарсоиш нигаҳ медоранд, нишебии кӯҳҳоро устувор мекунанд.

Remove ads

Эзоҳ

Адабиёт

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads