Ӯрунбой Ашӯров
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Ӯрунбой Ашӯрович Ашӯров (Ashurov Urunboy; 1903, Марғелони нав, вилояти Фарғона[1] — 1938, Сталинобод[2]) — ходими ҳизбӣ ва давлатии шӯравӣ, котиби якуми КМ ҲК(б) Тоҷикистон (1937).
Remove ads
Зиндагинома
Соли 1903 дар оилаи ӯзбек,[3] деҳқони камбағал, ки дар ҷустуҷӯи кор бар Марғелони нав аз Хуҷанд кӯчида буд, ба дунё омадааст. Соли 1915 мактаби руссии маҳаллиро хатм намуда, баъдан дар Омӯзишгоҳи шаҳрии Фарғона таҳсил кардааст (1915—1916).
Ҳуруфчини матбааи вилояти Фарғона (1918-1920), корманди Комиссияи фавқулода оид ба мубориза бо аксулинқилобиён дар вилояти Фарғона, корманди масъули Ҳизби коммунистӣ ва муовини раиси Кумитаи инқилобии уезди Марғелон, раиси комиҷроияи уезди Фарғонаи Ҷумҳурии Мухтори Шӯроии Сотсиалистии Туркистон (1920-25), котиби масъули Кумитаи Ҳизби коммунистии шаҳри Фарғона, котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунистии округи Андиҷон (1925-1929). Шунавандаи Академияи коммунистии шаҳри Маскав (1929-30), раиси Марказ оид ба колхозҳои Осиёи Миёна, ҷонишини мудири шуъбаи Бюрои Осиёимиёнагии КМ ВКП (б) (1931-1934). Котиби дуюми КМ ҲК(б) Тоҷикистон, корманди масъули КМ ВКП(б), котиби якуми КМ ҲК(б) Тоҷикистон (1934-1936).
Remove ads
Ҷоизаҳо
Пайвандҳо
- Ашуров Урунбай(рус.). Справочник по истории Коммунистической партии и Советского Союза 1898—1991. 24 июни 2015 санҷида шуд.
- Ашуров Урумбай Ашурович(рус.). ЦентрАзия. 24 июни 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 октябри 2014.
- Ашуров Урумбай Ашурович(рус.). Люди и Книги. 24 июни 2015 санҷида шуд.
- Ашуров Урумбай Ашурович(рус.). Биографический словарь. Архив Александра Н. Яковлева. 24 июни 2015 санҷида шуд.
Эзоҳ
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads