Балош (шоҳаншоҳи Сосонӣ)
шоҳаншоҳи Сосонӣ From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Балош (порсии миёна: 𐭥𐭥𐭣𐭠𐭧𐭱𐭩, Wardākhsh/Walākhsh; асри V — 488) — шоҳаншоҳи Сосонӣ (484—488), писари Яздгирди II. Вай пас аз Пирӯз ба шоҳӣ расид. Дар рӯзгори ӯ мӯбадони зартуштӣ аз шоҳ ва дарбор нерӯи бештаре доштанд..
Баъд аз марги бародараш Фирӯз (Пирӯзи I) ба тахти подшоҳӣ нишаста, солҳои 484—488 ҳукмронӣ кардааст. Дар ин айём барои тасхири Арманистон ҷанг идома дошт. Балош бо ҳокими Арманистон аҳдномаи сулҳро ба имзо расонд, ки тибқи он масеҳият дини расмии Арманистон эълон гардид ва идораи ин сарзамин ба дасти Балош гузашт. Дар соли 488 Балошро Сосониён аз подшоҳӣ маҳрум карда, кӯр намуданд. Тахту тоҷи подшоҳӣ насиби писари Фирӯз — Қубоди I гардид.
Remove ads
Эзоҳ
Адабиёт
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads