Боку
пойтахти Озарбойҷон From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Боку́ (озарбойҷонӣ: Bakı, шояд аз порсӣ: بادو کوبی — баду кубе ) — пойтахт ва шаҳри калонтарини Озарбойҷон. Боку, бандари калони Баҳри Каспий ва шаҳри бузургтарини Қафқоз аст. Дар соҳили ҷанубии нимҷазираи Обшорон (Апшерон) воқеъ аст. Аҳолиаш — 2 092 400 нафар (2011, бо атрофаш 2 600 100), асосан озариҳо (то соли 1990 сермиллат буд; зимни барӯйхатгирии соли 1989-ум 66 дарсади аҳолиаш озариҳо буданд).



Remove ads
Таърих
Боку бори нахуст дар маъхазҳои асри 5 ва асарҳои ҷуғрофии асрҳои 9-10 («Ҳудуду-л-олам» ва дар осори Истахрӣ, Масъудӣ, Муқаддасӣ) зикр шудааст. Аз асри 11 бандари баҳрии асосии Шервон, дар охири асри 12 ва асри 15 маркази маъмурии давлати Шервоншоҳиён буд. Муаллифони асрҳои 12-15 (Ёқути Ҳамавӣ, Закариёи Қазвинӣ, Бакрон ва ғ.) кони нафт доштани Бокуро (дар асарҳои худ) қайд кардаанд. Соли 1540 Бокуро сипоҳиёни Сафавиён ва дар охири асри 16 Империяи Усмонӣ тасарруф намуданд. Соли 1604 қалъаи Бокуро лашкари шоҳ Аббоси 1 хароб кард. Солҳои 1723—1735 ва 1796—1797 зери тасарруфи сипоҳиёни рус қарор дошт. Соли 1747 маркази хонигарии Боку буд. Дар солҳои ҷанги байни русҳо ва форсҳо (1804—1813) ба Руссия ҳамроҳ карда шуд (1806). Дар нимаи дуввуми асри 19 Боку бо саноати истихроҷи нафт босуръат тараққӣ кард. Апрел-июли 1918 таҳти назорати болшевикон, августи 1918 дар тасарруфи лашкариёни англис қарор дошта, дертар Бокуро туркҳо ба даст дароварданд. Солҳои 1919-20 пойтахти Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон буд. Апрели 1920 ба Боку Артиши Сурх ворид гардид; солҳои 1920—1991 пойтахти ҶШС Озарбойҷон буд. Аз соли 1991 пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон.
Remove ads
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2 181 800 наф нафар (2014). Соли 2009 дар Боку чунин миллату халқҳо маскун буданд озарбойҷониҳо (90,3 %), русҳо (5,3 %), украинҳо, курдҳо, лезгинҳо ва халқҳои Доғистон, яҳудиён, гурҷиҳо, туркҳо[3].
Remove ads
Иқтисод
Боку маркази бузургтарини иқтисодии мамлакат буда, дорои се заводи пуриқтидори коркарди нафт аст. Бокуи муосир маркази саноати мошинасозӣ, киштисозӣ, электротехникӣ (з-дҳои мошинасозии электрикӣ, «Электросвет», истеҳсоли яхдон ва кондитсионер), нафту кимиё (заводи коркарди кислотаи сулфат, истеҳсоли шина ва йоди Сурахан), коркарди семент, саноати сабук (истеҳсоли матоъҳои пахтагин, шоҳӣ ва моҳути маҳин, комбинати дӯзандагӣ, фабрикаи пойафзор) ва саноати хӯрокворӣ мебошад.
Нақлиёт
Тариқи гузаргоҳи киштиҳо (роҳи киштигард) бо шаҳрҳои Туркманбошӣ, Бекдашем (Туркманистон) ва Оқтеппа (Қазоқистон) мепайвандад. Маркази роҳи оҳан дар Ганҷа, Дарбанд, Имишлӣ, Саланӣ ва Ленкоран. Фурудгоҳи байналмилалӣ ва метрополитен дорад.
Ҷозибаҳои гардишгарӣ
Маркази Боку ба ду қисм — куҳна ва нав (аврупоӣ) ҷудо мешавад. Дар шаҳри қадима Шаҳри дарун, Қалъаи шикаста (асри 11), Қалъаи Духтар (асри 12), маҷмааи Қалъаи Шервоншоҳиён (асри 11), манора ва масҷиди Синик-қалъа (1079), Девонхона, манораи Масҷиди ҷомеъ, мақбараи ситорашинос Саиди Бокувӣ, корвонсаройи Мултон (асри 14) боқист. Дар қисми аврупоии Боку биноҳои охири асри 19 ва аввали асри 20, аз ҷумла бинои Думаи шаҳрӣ (1900), театрҳои мусиқӣ-мазҳакавӣ, Академияи илмҳо, Филармония, хонаи А. Қулиев (1899), осорхонаи адабиёти Озарбойҷон ба номи Низомӣ ва дигар майдону хиёбонҳои Озарбойҷон, Нафтчиён, ба номи Рашид Бейбутов, Истиқлолият; майдонҳои марказии Азалдӣ, Ознефт, Фузулӣ, масҷидҳои Тоза-Пир (1914), масҷиди Имом Ҳусейн, Ҳоҷӣ Султонлӣ ҷой гирифтаанд.
Remove ads
Маориф ва фарҳанг
Дар Боку донишгоҳ (1919), 8 мактаби олӣ, Академияи илмҳо (1945), 32 Осорхона (аз ҷумла осорхонаҳои таърихи Озарбойҷон, санъат, осорхонаи қолинбофӣ), 8 театр, Сирк, Боғи ботаникӣ ва Боғи ҳайвонот мавҷуд аст.
Нигористон
- Бинои Baku White City
- Шомгоҳи Баку İsmailiyyə palace
- Манзили Исо-бек Абдулсалам-бек оглы
- Биное дар кӯчаи Низоми
- Мусаввараи Боголюбова А. П. «Боку. Вақти пешин». 1861
- Мусаввараи Боголюбова А. П. «Боку. Соҳил». 1861
- Кӯҳандизи духтар
- Манзараи соҳили Боку
- Қалъаи Боку
- Дарвозаи Шемахин,шаҳри куҳна (Ичери шехер )
- Шаҳри куҳна
- Қасри Шервон шоҳиён
- кӯчаи Рафибейли Нигар Худадат кызы
- Хиёбони нафтчиён
- Қасри Мухторов
- Гунбазҳо
Remove ads
Эзоҳ
Адабиёт
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads