Бориш

From Wikipedia, the free encyclopedia

Бориш
Remove ads

Боришбориши атмосферӣ) — обест дар ҳолати моеъ ё сахт, ки аз абр меборад (борон, барф, жола) ё бевосита дар сатҳи замину ашёи рӯйи он ба туфайли конденсатсияи бухори оби таркиби ҳаво пайдо мешавад (яхча, қирав, шабнам).

Thumb
Бориши миёнаи моҳона барои як сол дар ҷаҳон

Боришро бо асбобҳои махсуси боришсанҷ бо мм чен мекунанд. Миқдори бориш вобаста ба арзи ҷуғрофиёӣ, масофа аз уқёнус, самти бод ва релйефи маҳал дар мавзеъҳои гуногуни кураи Замин гуногун мешавад.

Remove ads

Дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон миқдори бориши солона 456 мм (дар Душанбе — 644 мм, Хуҷанд — 178, Қурғонтеппа — 271, Хоруғ — 291 мм) аст. Қ-кӯҳҳои Ҳисор пеши ҷараёни нами ҳаворо мегиранд. Дар натиҷа миқдори солонаи бориш дар ин водӣ аз 2000 мм зиёд мешавад. Дар ҷануби Тоҷикистон ва Помири Шарқӣ миқдори солонаи бориш кам (82-160 мм), дар ҳавзаи Қароқӯл ва ноҳияи Мурғоб аз ин ҳам камтар (70-73 мм) аст. Ин минтақаҳо ноҳияҳои камбориши ҷумҳурӣ маҳсуб мегарданд. Дар водиҳо бориш моҳҳои март — апрел, дар кӯҳистон моҳҳои зимистон ва баҳор мушоҳида мешавад. Дар ноҳияҳои баландкӯҳ ба вуҷуд омадани намрезаву яхча ба ҳодисаҳои иқлими Тоҷикистон хос аст. Ба ғайр аз об дар таркиби бориш зарраҳои чанг, микроорганизмҳо, унсурҳои кимиёӣ низ вомехӯранд.

Thumb
Гардиши об дар табиат
Remove ads

Эзоҳ

Адабиёт

Пайвандҳо

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads