Вафо Назаров
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Вафо Назаров (6 майи 1940, деҳаи Девдара, ноҳияи Шӯробод — 12 январи 2024, Душанбе) — мусаввир, узви Иттифоқи рассомони СССР, узви Иттифоқи журналистони СССР, узви Ҷамъияти рассомон-графикҳои ЮНЕСКО, Раиси Академияи мусаввирии Тоҷикистон, Аълочии телевизион ва радиои СССР, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1982), Рассоми халқии Тоҷикистон
Remove ads
Зиндагинома

Вафо Назаров 6 майи соли 1940 дар деҳаи Девдараи ноҳияи Шӯрободи вилояти Кӯлоб ба дунё омадааст. Солҳои 1955—1960 дар Омӯзишгоҳи рассомии шаҳри Душанбе ва солҳои 1966—1972 дар Институти театр, мусиқӣ, кинематография ва телевизиони шаҳри Ленинград таҳсил кардааст. Дар солҳои 1963—1966 дар сафи Қувваҳои иусаллаҳи ИҶШС хидмати сарбозӣ кардааст.
Remove ads
Корнома
- 1958—1960 — коргари сохтмони манораи телевизион
- 1960—1963 — рассом-таҳиягари Телевизони Тоҷикистон,
- 1972—1981 — саррассоми студияи Телевизони Тоҷикистон,
- 1981 — Раиси раёсати Фонди бадеии Тоҷикистон ва ҷонишини Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон иштихоб шудааст,
- 1968 — ба узвияти Иттифоқи рассомони СССР пазируфта шудааст,
- 1973 — ба узвияти Иттифоқи кинематографистони СССР пазируфта шудааст,
- 1984 — ба узвияти Иттифоқи журналистони СССР пазируфта шудааст,
- 1996 — ба узвияти Ҷамъияти рассомон-графикҳои ЮНЕСКО қабул кардаанд,
- 1997 — ҷонишини Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Раиси Бунёди рассомони Тоҷикистон,
- 2006 — саррасоми ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб,
- 2009 — Раиси Академияи мусаввирии Тоҷикистон пазируфта шудааст,
Соли 2011 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви ҳайати Кумитаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Remove ads
Даргузашт
Вафо Назаров 12 январи соли 2024 дар 84-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт[1].
Ҷоизаҳо
- медалҳои «Фонди сулҳи СССР» (1985) «Барои меҳнати шоён», «Меҳнати шоиста», «Ветерани меҳнат» «20-солагии Ғалаба», «30-солагии Ғалаба», «100-солагии зодрӯзи В. И. Ленин» (1996)
- 1985 — унвони «Ходими шоистаи санъати ҶШС Тоҷикистон»
- 1997 — унвони «Рассоми халқии Тоҷикистон»
- 2002 — барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барои офаридани силсилаи асарҳои санъати тасвирии «Диёри нозанинам — Тоҷикистон».
- 2005 — Ордени «Дӯстӣ»
- 2010 — академики ифтихории Академияи мусаввирии Тоҷикистон[2]
Remove ads
Нигористон
Эзоҳ
Пайвандҳо
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads
