Вилояти Виннитса
From Wikipedia, the free encyclopedia
Remove ads
Вилояти Виннитса (укр. Вінницька область) — яке аз вилоятҳои Укройн аст. Марказаш — шаҳри Виннитса. 27 феврали 1932 таъсис ёфтааст.
Виннитса дар шимол бо вилояти Житомир, дар шарқ бо вилоятҳои Киев, Черкасск ва Кировоград, дар ғарб бо вилоятҳои Хмелниск ва Черновиск, дар ҷануб бо вилояти Одесса ва Молдова ҳамсарҳад аст. Дар ҷанубу ғарби мамлакат, дар болооби Буги Ҷанубӣ воқеъ аст. Масоҳаташ 26513 км2.
Remove ads
Мардум
Аҳолиаш 1,6 млн нафар (2014). Зичии аҳолӣ дар 1 км2 61,19 нафар. Аз с. б. дар баландии 368 м воқеъ аст. Дар Виннитса намояндагони 92 халқият, аз ҷумла 93,5 % укройнҳо, 3,9 % русҳо, 1,4 % яҳудиҳо зиндагонӣ мекунанд.
Бахшбандӣ
Аз ҷиҳати маъмурӣ 27 ноҳия, 18 шаҳр, 29 шаҳрак ва 1466 деҳа дорад. Шаҳрҳои калонтаринаш Виннитса Жмеринка, Казатин, Могилёв-Подолский, Гайсин, Ладижин.
Релйеф
Релйефаш теппавӣ. Қисми зиёди ҳудуди Виннитса дар баландиҳои Волину Подолск (то 362м) ва назди Днепр (323 м) ҷойгир шудааст. Сарватҳои зеризаминиаш хоро, каолин, торф ва ғ. Иқлимаш континенталии муътадил. Ҳарорати миёнаи январ 4-6°С, июл наздики 18,8°С. Боришоти солона 500—550 мм. Дарёҳои калонаш: Буги Ҷанубӣ (бо шохобҳои Згар, Ров, Селниса, Дохна, Снивода, Десна) ва Днестр (шохобҳояш Лядова, Немия, Мурафа). Виннитса дар минтақаи бешадашт воқеъ гаштааст. Хоки Виннитса хокистарии сиёҳтоб. 12,6%-и ҳудуди вилоятро беша ва буттазор (зайзафун, фарқ, булут, хубак) фаро гирифтааст. Аз ҳайвонот оҳу, гург, рӯбоҳ, санҷоб, заргӯш, дар соҳилҳои дарё ва кӯлҳо мурғобӣ ва қоз вомехӯранд.
Иқтисод
Иқтисодиёти минтақавӣ дар саноати маснуотбарорӣ ва бахши аграрӣ мавқеи намоён дорад. Саноати хӯрокворӣ (орд, равған, ярма, спирту арақ, гӯшт), саноати сабук, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, саноати мошинасозӣ (барои деҳот), кимиё (дар Винитса) тараққӣ кардааст. Истеҳсолкунандаи асосии неруи барқ НОБ-и Ладижин мебошад. Дар вилоят зиёда аз 400 муассисаи гуногун фаъолият мекунад. Зироати асосӣ — лаблабуи қанд, инчунин офтобпараст, тамоку. Аз зироати ғалладона гандуми тирамоҳӣ, ҷуворӣ, ҷав, марҷумак кошта мешавад. Боғдориву чорводорӣ тараққӣ кардаанд. Дар шаҳрҳои Виннитса, Гниван, Глукови, Ладижин, Немиров, Погребуше марказҳои муҳимми саноати бинокорӣ мавҷуданд. Дарозии р. о. 1253 км. Роҳоҳани муҳим: Киев — Одесса, Киев — ЛвоВиннитса Шабакаҳои муҳимми нақлиётии Виннитса — Виннитса, Козатин, Жмеринка. Дарёҳои Буги Ҷанубӣ ва Днестр киштигарданд. Дар Виннитса обҳои минералӣ, чашмаҳо ва осоишгоҳҳои Хмелник, Песера ва истироҳатгоҳҳои гуногун амал доранд.
Remove ads
Фарҳангу маориф
Дар ҳудуди Виннитса работу осорхонаҳо, ибодатгоҳҳо ва қалъаҳои қадимӣ ҳастанд. Дар Виннитса — калисоҳои чӯбини Николай (соли 1746) ва Юрий (соли 1726), дайрҳои Преоброженский (1616) ва Благовешенский (1626) ва осорхонаи бадеии Винеск, 1 театр, Донишгоҳи миллии тиббии ба номи М. И. Пирогов, Донишгоҳи давлатии педагогии ба номи М. М. Косюбинск, Донишгоҳи миллии техникӣ, Донишгоҳи миллии аграрӣ, Донишгоҳи молиявӣ-иқтисодӣ фаъолият мекунанд. Рӯзномаи вилоятӣ — «Виннитска».
Remove ads
Эзоҳ
Адабиёт
Пайвандҳо
Wikiwand - on
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Remove ads