Вилояти Кӯлоб

From Wikipedia, the free encyclopedia

Remove ads

Вилояти Кӯлоб (форсӣ: ولایت کولاب) — воҳиди тақсимоти кишварӣ дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон дар солҳои 19391955 ва 19731988 буд. Ин вилоят дар ҷануби кишвар, дар дараи рӯди Қизилсу ҷойгир буд.

More information Вилояти Кӯлоб, Донистаниҳо ...

Маркарзи идории вилоят шаҳри Кӯлоб буд.

Remove ads

Таърих

Вилояти Кӯлоб бори нахуст дар соли 1924 ташкил шуд ва то соли 1929 вуҷуд дошт, аммо дар он сол ба округ табдил дода шуд. Соли 1931 округи Кӯлоб барҳам дода шуд ва сарзамини он тобеъи ниҳодҳои раҳбарии ҷумҳурӣ шуд. Солҳои 1931—1936 сарзамини Кӯлобро ба ноҳияҳо бахш карданд. 12 марти соли 1938 округи Кӯлоб дубора бунёд шуд, аммо як сол пас барҳам дода шуд.

Thumb
Тақсимоти ҶШС Тоҷикистон дар соли 1940

Дувум бор вилояти Кӯлоб бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 27 октябри соли 1939 таъсис ёфт ва ноҳияҳои Балҷувон, Данғара, Дашти Ҷум, Кангурт, Қизилмазор, Колхозобод, Кӯлоб, Муъминобод, Сарихосор, Фархор, Ховалинг ва Шӯроободро дар бар мегирифт.

Вилояти Кӯлоб бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 24 августи соли 1955 барҳам дода шуд ва сарзамини он тобеи ниҳодҳои раҳбарии ҷумҳурӣ ва бахше аз вилояти Қурғонтеппа шуд.

Thumb
Вилояти Кӯлоб

29 декабри соли 1973 вилояти Кӯлоб севум бор таъсис дода шуд ва то сентябри соли 1988 мавҷуд буд то ин ки бо вилояти Қурғонтеппа ҳамроҳ шуд ва вилояти Хатлонро ташкил дод.

Remove ads

Бахшбандии вилояти Кӯлоб дар соли 1988

More information Ноҳия, Марказ ...


Remove ads

Эзоҳ

Сарчашма

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads