Водии Вахш

From Wikipedia, the free encyclopedia

Remove ads

Водии Вахш - водиест, ки дар вилояти Хатлон, дар қисмати Ҷануби Тоҷикистон ҷойгир аст.

Макони кишоварзӣ

Водии Вахш баъд аз сохтмони Канали магистралии Вахш ва обёрӣ намудани заминҳои бекорхобидаи ташналаб дар солҳои 30-уми садаи XX ба минтақаи парвариши маҳсулоти кишоварзӣ табдил ёфтааст. Дар водии Вахш ҳамаи намудҳои кишти зироатҳои гандумӣ, полезӣ, техникӣ (пахта) ва боғу токпарварӣ рушд ёфтааст.

Мавзеъҳои сайёҳӣ

Водии Вахш дорои чунин маскану мамнӯъгоҳҳои тарихиву табиӣ мисли – шаҳри Бохтар, Мамнӯъгоҳи табиии Бешаи палангон, Шаҳркадаи Тахти сангин, Аҷинатеппа, Чилдухтарон (кӯҳ), Мадрасаи Хоҷа Машҳад, шаҳри Норак, мавзеи Чилучорчашма, қалъаи Бешкент, Оромгоҳи Имом Зайналобиддин, шаҳраки Теппаи Шоҳ, ки ба феҳристи Мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон дохил мешаванд. Дарёи Вахш инчунин, дорои мавзеъҳои табии хушманзара мебошад.[1]

Remove ads

Нигаред

Эзоҳ

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads