Водии Кашмир

From Wikipedia, the free encyclopedia

Водии Кашмир
Remove ads

Водии Кашмир (ҳиндӣ: कश्मीर वादी ) — пастхамии тектоникӣ дар байни Ҳимолойи Калон ва Хурд (қ-кӯҳи Пир-Панҷол), дар шимолу ғарби Ҳиндустон (иёлоти Ҷамма ва Кашмир).

Thumb
Водии Кашмир бо ранги норинҷӣ нишон дода шудаст

Ҷуғрофиё ва иқлим

Дар баландии 1600 м аз с. б. ҷойгир аст. Тӯлаш тақр. 200 км, бараш то 60 км. Иқлимаш субтропикии хушк. Ҳарорати миёнаи январ — наздикии 00С, июл +230С. Боришоти солона қариб 900 мм. Дар гузашта Водии Кашмир кӯлҳои бисёр доштааст, ки суффачаҳои дар нишебиҳои кӯҳҳо боқимонда аз мавҷудияти онҳо шаҳодат медиҳад. Дар водӣ бисёр кӯлҳо боқӣ мондаанд, ки калонтаринашон Вулар буда, аз он дарёи киштигарди Ҷелаш (шохоби дарёи Ҳинд) ҷорӣ мешавад. Дар нишебии кӯҳҳо бешаҳои дарахтони паҳнбарг (булут, заранг, шумтол, кастона) ва сӯзанбарг (санавбар ва ғайра) мавҷуданд. Водии Кашмир ноҳияи сернуфуси Кашмир буда, аҳолӣ ба ғаллакорӣ (шолӣ, гандум, ҷав, ҷуворимакка), чойпарварӣ ва боғдорӣ машғуланд. Осоишгоҳҳои иқлимӣ дорад. Маркази сайёҳии байналмилалӣ. Дар Водии Кашмир ш. Сринагар воқеъ аст. Дар навоҳии Водии Кашмир суфии маъруфи форс-тоҷик Мирсайид Алии Ҳамадонӣ фаъолияти таблиғотӣ бурда, бисёре аз бошандагони онро ба қабули дини ислом моил кардааст ва номи ӯ то ба ҳол дар ин сарзамин маъруф аст.

Remove ads

Эзоҳ

Сарчашма

Loading related searches...

Wikiwand - on

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Remove ads